Созмони байналмилалии раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳон “QS” (Quacquarelli Symonds) натиҷаҳои нави раддабандии беҳтарин донишгоҳҳои қитъаи Осиё барои соли 2026-ро эълон намуд. Боиси ифтихор аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ҳамчун ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин рӯйхати бонуфуз ворид шудааст.
Дар раддабандии имсола ДМТ 23,2 хол ба даст оварда, дар қатори 45 фоизи беҳтарин донишгоҳҳои қитъаи Осиё ҷой гирифтааст. Ин нишондиҳанда, дар муқоиса бо натиҷаҳои солҳои 2022-2025, бехтарин дастоварди Донишгоҳи миллӣ дар раддабандии “QS” ба шумор меравад.
Мувофиқи маълумоти раддабандӣ, холҳои умумии Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи чунин меъёрҳо тақсим шудаанд:
- 40,4% — барои обрӯи академӣ,
- 23,9% — барои таносуби омӯзгорону донишҷӯён,
- 15,6% — барои обрӯи корфармоён,
- 9,5% — барои таносуби донишҷӯёни хориҷӣ,
- 8,3% — барои саҳми омӯзгорони унвондор,
ва боқимонда — барои шабакаи ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, ҳузури омӯзгорон ва донишҷӯёни хориҷӣ, мубодилаи академӣ, инчунин фаъолияти тадқиқотӣ дар маҷаллаҳои ҷаҳонӣ (Scopus, Web of Science).
Дар раддабандии нави QS 1529 донишгоҳи бонуфузи Осиё шомил гардидаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 542 Донишгоҳ бештар аст. Аз 35 кишвари эҳтимолии қитъа танҳо донишгоҳҳои 25 кишвар ба рӯйхат дохил шудаанд.
Аз минтақаи Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Туркманистон, донишгоҳҳои чор кишвари дигар – Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон – дар раддабандӣ ҳузур доранд.
Дар маҷмуъ 73 муассисаи таҳсилоти олӣ аз кишварҳои минтақа ба рӯйхат шомил шудаанд.
Ин дастоварди назаррас нуқтаи муҳимми рушди илм ва таҳсилоти олии Тоҷикистон ба шумор меравад.
И. Ғаффорзода, муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ,
К.Файзуллоев, сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, масъул дар самти кор бо раддабандиҳои байналмилалӣ








