ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ: Аз оғози таҳсил то қадрдонии шунавандагон

454

Ҳайати устодону кормандон ва толибилмони Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти забономӯзӣ пешраву пешсафанд. Нақши Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар гиромидошти забони давлатӣ, фарҳанги милли ду кишвари дўст- Тоҷикистону Чин чашмрас мебошад. Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ маҳсули замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар тули фаъолияти худ тавонистааст, ки барои муттаҳид намудани фарҳанги миллии тоҷик ва чин нақши созгор гузорад. Ин нукта зимни баргузории чорабиние, ки дар донишкада доир шуд, аз ҷониби директори он Қосимзода Ф. Ироа гардид.

Зимнан гуфта шуд, ки чун анъана ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил дар Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ шунавандагони фаъол бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд. Имрўз низ шумораи муайяни толибилмони фаъол қадрдонӣ шуданд. “Чунин иқдом дар баланд гардидани шавқузавқи толибилмон таъсири мусбат расонида, барои боз ҳам бештар ба омўзиши забон машғул гардидани онҳо мусоидат менамояд.”- таъкид намуд директор.