ДУРАХШАНДАГОНИ МАКТАБИ ПЕШВО

127

Бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз (29.02.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили “Дурахшандагони мактаби Пешво” таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баргузории маҳфили “Дурахшандагони мактаби Пешво” маҳз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, мусоидат ба рушди ҳаракати илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятии донишҷӯён, саҳми ҷавонон дар пос доштани арзишҳои миллӣ, дарки баланди масъулиятшиносӣ, таҳамулпазирӣ ва инсондӯстӣ, дастгирии ҳамешагӣ аз сиёсати муваффақи Пешвои миллат ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат доир гардид.

Зимнан таъкид шуд, ки баргузории маҳфил ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки дарси сарвариро бевосита бо иштироки роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ оид ба мактаби давлатдории Сарваридавлати тоҷикон омӯзанд ва донишҷӯёнро ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва арҷу эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан бештар ошно созанд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар таърихи навини халқи тоҷик дар шахси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаре зуҳур намуд, ки мақоми олии давлатиро бо сиёсатмадории дурандешонаи худ баланд бардошт. Яке аз дастовардҳои муҳимми ҷавонони кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ аз он иборат аст, ки дар сиёсати давлатӣ ҷавонон ва сиёсати давлатии онҳо ҳамчун самти афзалиятнок эътироф гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мураккаби овзои ҷомеа нигоҳ накарда, нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷои кор гардидани онҳо ва мавқеи хосса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Баргузории чунин маҳфилҳо дар ташаккули тафаккур, худшиносии миллӣ, зиракии сиёсӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши беандоза муҳим мегузорад. Албатта чунин шакли маҳфилҳо бо мақсади омӯхтани мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин абармарди миллат ҳамчун меъмори давлати навини тоҷикон роҳандозӣ мегардад.

Дар охир чанде аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ доир ба таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон сухан намуда, ҷиҳати омодакунии кадрҳои соҳибтахассус дар ҳамаи бахшҳои муҳимми ҷомеа ва таъмин бо ҷои кори мусоид аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Бояд гуфт ки маҳфили“Дурахшандагони мактаби Пешво” минбаъд низ дар Донишгоҳ баргузор гардида, он бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, вакилони мардумӣ, сиёсатшиносони варзида ташкил хоҳад шуд.