ДУШАНБЕ – ОИНАИ ТАЪРИХУ ЗИНДАГИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

127

Имрӯз (20.04.2024) бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад ва имсол ба 20-уми апрел рост омад, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ –фарҳангӣ доир гардид.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои шаҳри Душанбе ба куллӣ тағйир ёфта, ба яке аз марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар мубаддал гардид. Имрӯз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази давлат ба мизбони баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишии сатҳи байналмилаливу минтақавӣ табдил ёфтааст. Зикр шуд, ки Душанбе марказест, ки василаи устувории ваҳдати ҷомеа ва пайванди тамоми халқҳо дар минтақа ва ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Дар идомаи ҳамоиш Шарифзода Ҷамолиддин – директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар назди ДМТ ва Сафарализода Хуҷамурод – декани факултети фалсафаи Донишгоҳ суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки яке аз нишонаҳои муҳимми тамаддунофарии тоҷикон маҳз шаҳрсозию шаҳрдорӣ мебошад, ки таърихи зиёда аз 5 ҳазорсоларо дорост. Ниёкони мо дар таърихи башарӣ бо эъмори шаҳрҳои бузурге монанди Тахти Ҷамшед (Персеполис), Шуш, Экботан (Ҳамадон) Тайсафун (Бағдоди имрӯза), Истахр, Балх, Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва амсоли ин собит намудаанд, ки мардуми шаҳрнишин ва ҳунарманд мебошанд. Шаҳр яке аз унсурҳои меҳварии тамаддун ва фарҳанги башарӣ ба ҳисоб меравад ва инъикосгари сатҳи рушди тафаккури ҷомеа ва оинаи фарҳангу тамаддуни миллат аст, ки тамоми махсусияти миллат дар он инъикос мегардад.

Таъкид шуд, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоту ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле зебову замонавӣ шуда истодааст. Тавре ки Сарвари давлат таъкид менамоянд: «Душанбе аз рӯзҳои нахустини пойтахт эълон гардиданаш рисолати пойтахтҳои қадимаи миллати тоҷикро ба дӯши худ гирифта, барои ташаккули давлатдорию инкишофи илму фарҳанг ва муттаҳидсозии неруҳои зеҳнию афроди пешбарандаи миллат нақши арзанда бозид… Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем».

Дар интиҳои ҳамоиш барномаи фарҳангии омоданамудани ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ пешкаши устодону кормандон ва донишҷӯён гардонида шуд.