ФАКУЛТЕТ БОЯД ДАРГОҲИ ИЛМУ ҲИКМАТ БОҚӢ МОНАД…

738

Вохӯрии Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи факултети фалсафа, 11.11.2021

Факултети фалсафа даргоҳи ташаккули шахсият, илму маърифат, панду ҳикмат ва ҷойгаҳи инкишофи тафаккуру ирода ва зеҳни қавист, ки ҷомеа ба неруи зеҳнии устодони он эҳтиёҷ доранд ва ҳамеша эҳтиром мегузоранд. Дар замири насли ҷавон тухми илму маърифат, ватанхоҳию худшиносӣ, эҳтирм ба арзишҳои миллию давлатиро устодону кормандни факултети фалсафа мепошанд. Бузургон таъкид намудаанд, ки даргоҳи илму ҳикмате, ки ташаккулдиҳандаи тафаккури созанда ва шахсияти олӣ аст, мактаби файласуфон аст. Аммо, баъзе мушкилиҳое вомехӯранд, ки монеъаи рушди соҳа ва ин масъулияти бузург мегардад.

Ташкили маҳфилҳои инфиродӣ, баргузории ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои идеологӣ миёни наврасону ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба пажӯҳишҳои тозаи илмӣ, таҳияи рисолаҳои дипломӣ, номзадӣ ва докторӣ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, фаъолияти пурсамар дар васоити ахбори омма, иштирок дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ ва омӯзши таҷрибаи пешрафта аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки дар факултет кам назорат мешаванд. Бояд масъалаҳои мазкур зери назорати ҷиддии садорат, мудирони кафедраҳо ва коллективи факултети фалсафа қарор гирад.

Ҳамин тавр, Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи факултети фалсафа дар самтҳои мухталифи фаъолияти факултет дастуру супоришҳо дода, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаро муҳим ва саривақтӣ унвон намуд.