ФАЪОЛИЯТИ ДМТ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2020

1491


Имрӯз (15.07.2020) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти нимсолаи аввали соли 2020 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки «дар нимсолаи аввали соли 2020 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади муназзам гардонидани корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию хоҷагидорӣ ва ташкилию сохторӣ як ќатор тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Дар ин давра, пеш аз ҳама, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҷараёни таълим, тарбия, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва маъмурию хоҷагидорӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа омода ва дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон баррасию бо фармоишҳои ректори донишгоҳ тасдиқ ва мавриди иҷро қарор дода шуданд”.
Дар идомаи суҳбат Хушвахтзода Қ.Х. доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуд. Ҳамзамон, миёни роҳбарияти ДМТ ва рӯзноманигорон доир ба имкониятҳои таҳсил дар зинаи докторантура ва магистратура, инчунин, робитаҳои илмию таълимии донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигар саволу ҷавоб сурат гирифт.
Фишурдаи суханронии ректори ДМТ, Хушвахтзода Қ.Х. дар нишасти матбуотии донишгоҳ
Раёсати донишгоҳ бо ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар як қатор чорабиниҳои сиёсии сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, иштироки фаъол дар чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», “Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Модар”, “Ҷашни байналмилалии Наврӯз”, “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”, “Таъмини иштироки фаъоли омӯзгорону кормандони донишгоҳ дар чорабиниҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати пешгирии беморӣ дар давраи пандемияи сироятии коронавируси СОVID-19”
, дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ҷиҳати мувофиқ сохтани сохтори донишгоҳ ба талаботи тағйирпазирии ҷомеа ва мақоми донишгоҳ, сохтори комилан нави идоракунии донишгоҳ таҳия ва барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Сохтори нав низоми идоракунии донишгоҳро муназзам ва коршоям гардонида, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳидҳои сохтории нав таъсис дода шуд ва такроршавии баъзе зерсохторҳоро аз байн бурда, шумораи мансабҳо ва кадрҳои роҳбарикунандаро ба танзим даровард.
Дар сохтори батасвибрасида воҳидҳои таркибии нав, аз ҷумла, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия (дар заминаи вазифаи муовини ректор оид ба илм), маркази тестӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ, раёсати инноватсия, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, шуъбаи магистратура, шуъбаи назорати сифати таҳсилот, шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ, бахши ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ ва табодули академӣ, бахши идоракунии лоиҳаҳои донишгоҳ таъсис ва ба фаъолият шурӯъ карданд.
 Дар мувофиқа бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисосҳои сиёсати берунӣ ва дипломатия дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ, таъмини иқтисодиёти фаъолияти гумрукӣ дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, менеҷменти молиявӣ, молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрук дар факултети молиявию иқтисодӣ, танқиди адабӣ дар факултети филология, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (англисӣ-хитоӣ), логистика дар факултети иқтисод ва идора кушода шуданд, ки дар ҳамаи ин ихтисосҳо қабули донишҷӯён дар соли таҳсили 2020-2021 ҳам дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва ҳам дар гурӯҳҳои шартномавӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамчунин, бо назардошти таъсиси ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисодиёти мамлакат ҷавобгӯй факултети баҳисобгирию иқтисодӣ ба факултети баҳисобгирӣ ва иқтисодиёти рақамӣ тағйири ном кард. Тағйиротҳои мазкури сохторӣ бо мақсади муназзам кардани раванди корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию таҳқиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба дигаргуниҳои низоми идоракунии донишгоҳӣ як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки фаъолияти сохторҳои онро ба танзим медароранд, мураттаб ва тасдиқ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 19 факултет бо фарогирии 118 кафедра (111 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умимидонишгоҳӣ), Институти илмӣ-тадқиқотӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК назди ДМТ, литсейи равияи табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, 103 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 39 синфхонаи компютерӣ, 34 синфхонаи лингофонӣ, маркази биотехнологӣ, Парки технологӣ, маркази омӯзиши забонҳо, Институти Конфутсий, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, маркази тестӣ, технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, маркази иттилоотӣ -таҳлилӣ, курси тайёрӣ, 4 толори варзишӣ, 7 хобгоҳ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуданд.
Фаъолияти таълимӣ. Дар нимсолаи аввали соли 2020 пеш аз ҳама тамоми ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи ҷараёни таълим аз ҷониби кормандони раёсати таълим омода ва барои натиҷагирию иҷро ба садорати факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳию тахассусӣ ирсол карда шуданд. Алҳол, дар 118 кафедраи донишгоҳ 1585 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 13 нафар академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 179 нафар докторони илм, 512 нафар номзадони илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 1270 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ (штатӣ) ва 315 нафар ҳамчун омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд. Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ 718 нафар омӯзгорони унвони илмидори доимӣ фаъолият доранд, ки 56,5 фоизро омӯзгорони унвондор ташкил медиҳанд.
Шӯрои илмию методии донишгоҳ дар ташкили самараноки таълим, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон ва таҳияю дастрас намудани маводи таълимӣ, аз ҷумла монографияю китобҳои дарсӣ саҳми арзанда дошта, дар давраи ҳисоботӣ 12 адад барномаи таълимӣ, 38 воситаи таълимию дастури методӣ, 10 китоби дарсӣ ва 40 монографияро ба чоп тавсия намудааст.
Таъмини техникии раванди таълим: Бо мақсади таъмини техникии раванди таълим бо технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултетҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ 2477 адад компютер, 117 адад тахтаҳои электронӣ, 176 адад видеопроекторҳо, 543 принтер, 42 адад сервер, 8 адад ноотбук мавриди истифода қарор доранд. Таъмини Интернет дар донишгоҳ мувофиқи шартномаи дутарафа байни ДМТ ва контент-провайдери Интернет «ТАРЕНА» ва шабакаи ягонаи корпоративӣ бо ширкати “Вавилон-Т” ба роҳ монда шудааст, ки суръати таъмини Интернет 40 Мб/с-ро аз ҳисоби ҳарду ширкат ташкил медиҳад. Дар донишгоҳ 1050 адад компютер ба шабакаи Internet пайваст мебошад.
Шумораи донишҷӯёни донишгоҳ 23 808 нафарро ташкил медиҳад, ки мутаносибан ба шумораи умумии компютерҳо, ки 2477 ададро ташкил медиҳанд, таносуби миқдори компютерҳо ба миқдори донишҷӯён ба 23808:2477=9,61 баробар аст, яъне дар донишгоҳ ба ҳар 9 нафар донишҷӯ 1 компютер рост меояд.
Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ба таври ҳамешагӣ мавриди таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо қарор доранд. Тамоми паҳлуҳои фаъолияти донишҷӯёни мазкур дар донишгоҳ, аз ҷумла иштирок ба машғулиятҳои дарсӣ, натиҷаи таҳсил, ҷараёни сессияи санҷишию имтиҳонӣ, таъминот ва истиқомат дар хобгоҳ, таъмини стипендия, ҷалб намудан ба чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва илмӣ, озмуну олимпиадаҳо зери назорати бевоситаи раёсати таълими донишгоҳ қарор дорад.
Дар 14 факултети донишгоҳ донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо 259 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 157 нафар духтарон ва 102 нафар писарони шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошанд. Аз теъдоди умумии донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда 161 нафар дар хобгоҳ истиқомат мекунанд.
Теъдоди донишҷӯёне, ки стипендияҳои номӣ мегиранд дар донишгоҳ 42 нафарро ташкил медиҳад, ки тақсими стипендияҳо дар соли таҳсили 2019-2020 ба таври зайл мебошад: Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-14 нафар, стипендияи Шӯрои олимони донишгоҳ- 6 нафар, стипендияи ба номи Исмоили Сомонӣ- 10 нафар, стипендияи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ-1 нафар, стипендияи ба номи Садриддин Айнӣ –1 нафар, стипендияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров-2 нафар, стипендияи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ -2 нафар, стипендияи ба номи Н.Ҳувайдуллоев-1 нафар, стипендияи ба номи С.А.Раҷабов-1 нафар, стипендияи ба номи И.Қ.Нарзиқулов-1 нафар, стипендияи ба номи И.Д.Давлатов-1 нафар, стипендияи ба номи Ҳ.М.Сафаров-1 нафар, стипендияи ба номи М.Н.Назаршоев -1 нафарро ташкил медиҳад.
Хатм. Донишгоҳро имсол аз рӯи 3 зинаи таҳсил: бакалавр мутахассис ва магистратура 4743 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 1349 нафарро хатмкунандагони зинаи таҳсилоти мутахассис (1019 нафар ғоибона, 302 нафар рӯзона (ихтисосҳои тиббию фарматсевтӣ) 28 нафар мутахассис аз солҳои гузашта), 3158 нафарро зинаи таҳсилоти бакалавр, 236 нафарро хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистратура ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод 25 нафар шаҳрвандони хориҷӣ буда, 126 нафар донишҷӯёне мебошанд, ки донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ: Бо мақсади хуб ба роҳ мондани фаъолияти сомонаи донишгоҳ бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 31 декабри соли 2019 идораи нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» ба Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ табдил дода шуд. Акнун Марказ дар як вақт ҳам фаъолияти сомонаи донишгоҳ-www.tnu.tj ва ҳам фаъолияти нашрияро пеш мебарад. Нашрия дар асоси озмун (тендер) дар матбааи «Мега-ПРИНТ» бо чаҳор ранг ва дар ҳаҷми 16 саҳифа, ки чаҳор саҳифаи он ранга мебошад, чоп мешавад. Дар партави Паёми солонаи Пешвои миллат дар саҳифаҳои нашрия ва сомонаи донишгоҳ www.tnu.tj саҳифаҳои махсус бо унвони «Андешаҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Об барои ҳаёт» ва рубрикаҳои «Аз Паём то Паём», «Об – манбаи ҳаёт», «Ватандӯстӣ», «Соли масъулиятшиносии ҷавонон» амал мекунад, ки пайваста дар онҳо мақолаю гузоришҳои таҳлилӣ ҷой дода мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати эҷодӣ дар самти эълон гаштани озмуни “Фурӯғи субҳу доноӣ…” маводи зиёдеро ба чоп расонид. Инчунин, дар ин давра чандин мақолаҳои таҳлилию интиқодие дар мавзӯъҳои гуногуни илмиву таълимӣ чоп шуданд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 ҳайати эҷодӣ 8 шумораи нашрияро бо тарроҳии нав ва бо мавзуъҳои гуногун аз чоп баровард. Дар давраи ҳисоботӣ китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба як қатор маҷаллаву рӯзномаҳои илмӣ ва соҳавии дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла, ба маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ обуна гардид. Теъдоди умумии маводи дар шаш моҳ воридшуда ҳамагӣ 878 номгӯй, 4748 нусхаро ташкил медиҳад ки аз он:3267 нусха 140 номгӯй китобҳои нав, 271 нусха, 24 номгӯй матбуоти даврӣ, 67 нусха, 40 номгӯй маҷаллаҳои илмӣ, 630 нусха, 186 номгӯй адабиёти илмӣ-таълимӣ аз дигар сарчашмаҳо, 129 нусха рисолаҳо ва 384 нусха-359 номгӯй авторефератҳоро ташкил медиҳад.
Дар конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)», «5500-солагии Саразми бостонӣ» ва «700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ» 3426 маъруза, аз ҷумла 1282 маърузаи устодону кормандон дар 96 бахш ва 2054 маърузаи магистрантону донишҷӯён дар 164 бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар шаш моҳи аввали соли 2020 дар донишгоҳ 22 чорабинии илмии сатҳи гуногун баргузор гардид, ки аз ин теъдод 2 ададро конференсияи байналмилалӣ, 13 ададро конференсия, семинар ва мизи гирди ҷумҳуриявӣ, 7 ададро конференсия, семинар ва мизи гирди донишгоҳӣ ташкил медиҳад.
Ҳамасола бо мақсади ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба соҳаи илм бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи соҳаҳои гуногун олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Имсол бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» санаи 12-13-уми марти соли ҷорӣ олимпиада баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёне, ки дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҳсил мекунанд, иштирок намуда, аз рӯи 7 самти илм: математика, физика, астрономия, химия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ дар шакли тахассусӣ ва ғайритахассусӣ сабқат намуданд. Дастаи олимпии Донишгоҳи миллӣ бо гирифтани чор ҷойи аввал ва ду ҷойи дуюм ғолиб баромада, сазовори ҷойи аввал ва диплому «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид.
Дар факултетҳои донишгоҳ 114 маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён амал менамояд, ки дар онҳо беш аз 3579 донишҷӯи шакли таҳсили рӯзона сафарбар карда шудаанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2020 дастовардҳои донишҷӯён ва кормандони Парки технологии донишгоҳ дар намоишгоҳҳои тантанавии дохилӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуд. Бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантон ва ҳайати устодону профессорони донишгоҳ аз ҷониби Парки технологии ДМТ дар ҳафтаномаи “Ба қуллаҳои дониш” таҳти №1 аз 28.01.2020 озмуни корҳои ихтироъкорӣ эълон карда шуд, ки дар он донишҷӯёну хонандагони литсейи донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд. Барои дарёфти нахустпатент аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ ба Маркази миллии патенту иттилоот 11 арзнома пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Имсол тавассути барномаи “Антиплагиат” беш аз 2000 кори хатмкунандагон аз санҷиш гузаронида шуда, барои дифоъ тавсия дода шуданд.
Кормандони Институти илмию –тадқиқотии ДМТ аз рӯи 28 мавзӯъҳои илмӣ, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, корҳои илмию тадқиқотиро идома медиҳанд. Тӯли ин давра аз ҷониби онҳо беш аз 50 мақола, 11 дастури методӣ, 6 монография ва 60 фишурдаи маърӯзаҳо ба чоп расонида шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 3 шумораи маҷаллаҳои илмии “Паёми ДМТ” ва 2 шумораи маҷаллаҳои илмии “Илм ва инноватсия” чоп шуда, 4 шумораи маҷаллаҳои илмии “Паёми ДМТ” барои чоп ба матбаа супорида шудаанд.
Дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 7 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ва 14 Шӯрои диссертатсонии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 Шӯрои байнидавлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғистон фаъолият менамоянд.
Тӯли давраи ҳисоботӣ дар Шӯроҳои диссертатсионии русӣ 18 рисолаи номзадӣ, дар шӯроҳои диссертатсионии ватанӣ 7 рисолаи докторӣ, 30 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи доктор PhD дифоъ карда шуданд.
Фаъолияти тарбиявӣ: Дар доираи таҷлил аз ҷашнҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2020 қисми тарбияи донишгоҳ дар пешбурди зиёда аз 148 номгӯи чорабиниҳои расмӣ-фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва варзишию солимгардонии донишгоҳӣ ва беруназдонишгоҳӣ саҳм гузоштанд. Ба ин чорабиниҳо дар шаш моҳи соли 2020 зиёда аз 10 ҳазор нафар устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҷалб гардиданд.
Давоми соли 2020 бо мақсади пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои донишгоҳӣ 102 нафар устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба 30 барномаи телевизионӣ ва радиоӣ, ки бештарашон фарогири мавзӯи бартараф намудани вируси нави COVID-19 буданд, сафарбар гардиданд.
Дар донишгоҳ 578-гурӯҳи академии шуъбаи рӯзона фаъолият мекунад, ки сарпарастии он аз ҷониби омӯзгорони варзида ба роҳ монда шудааст. Сарпарастон аз рӯи барномаи таълимӣ дарсҳои тарбиявиро ба роҳ мондаанд, ки 36 соатро дарбар мегирад ва дар нақшаи инфиродии онҳо қайд карда мешавад. Шуъбаи тарбия дар якҷоягӣ бо Шӯрои кураторон, бахши кор бо ҷавонон, бахши кор бо духтарон ва бонувон, Ансамбли халқии “Наврӯз” ва кормандони осорхонаи донишгоҳ дар баргузории як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ иштирок намуданд.
Фаъолияти байналмилалии донишгоҳ. Дар робита ба амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун сиёсати «дарҳои боз» дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон маҳаки калидист, сарчашма гирифта, ба тадриҷ рушд карда истодааст. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳаммоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштаркаи таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз самтҳои калидии фаъолияти роҳбарияти донишгоҳ мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба донишгоҳ ташриф овардани чандин ҳайатҳои баландпояи давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии як қатор давлатҳо, роҳбарони донишгоҳу марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, олимони забардаст аз мақому мартабаи баланди ин боргоҳи маърифат дар низоми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли 2020 донишгоҳ макони баргузории чандин ҳамоишҳо, конференсияву мизи мудаввар ва дигар нишастҳои байналмилалӣ буд.
Санаи 27.05.2020 ректори донишгоҳ дар конфронси байналмилалии “Пайомадҳои бемории Ковид-19 ва таъсири он ба иқтисодиёти давлатҳо” ширкат ва маъруза намуд. Санаи 16.06.2020 муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ дар ҷаласаи Шӯрои координатсионии Донишгоҳи шабакавии ИДМ ширкат намуд. Ҳамин тариқ, намояндагони донишгоҳ дар 12 ҳамоишҳои байналмилалӣ тариқи онлайн иштирок намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ чандин ҳайатҳои баландпоя аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба донишгоҳ ташриф оварда, марбут ба омода намудани мутахассисони ҷавони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чин, ба роҳ мондани барномаҳои муштараки таълимӣ, дастгирии Институти Конфутсияи назди ДМТ табодули афкор намуданд. Дар аввали нимсолаи 2020 беш аз 75 нафар намояндагони донишгоҳу марказҳои илмӣ ва намояндагиҳои корпусҳои дипломатию созмонҳои байналмилалӣ меҳмонони донишгоҳ буданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Белорус факултети муштараки ДМТ ва МТОКБ фаъолият менамояд, ки аз рӯйи 11 ихтисоси барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарурӣ мутахассис омода менамояд. Имсол 17 нафар донишҷӯи факултети муштарак бомуваффақият донишгоҳҳои Белорусро хатм намуданд.
Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст 10 нафар донишҷӯи чинӣ ба ДМТ барои омӯзиши забони тоҷикӣ даъват шуда, тайи як сол аз устодони факултети филологияи донишгоҳ забони тоҷикиро омӯхта ба ватанашон баргаштанд. Дар давраи ҳисоботӣ бештар аз 50 нафар устодон, кормандон, докторантон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳсил, коромӯзӣ ва ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷи кишвар фиристода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 7 нафар магистр барномаи муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи шабакавии ИДМ-ро хатм намуданд ва 9 нафар магистри курси 1-ум айни ҳол дар шаҳри Москва таҳсилро идома дода истодаанд. Дар донишгоҳ ҳоло 811 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои гуногун бакалавриат, магистратура, докторантураи Ph.D, унвонҷӯй, муҳаққиқ-коромӯз, забономӯз таҳсил менамоянд.
 Дар давраи ҳисоботӣ (соли таҳсили 2019-2020) 36 нафар шаҳрвандони хориҷӣ-донишҷӯён ва магистрон донишгоҳро хатм намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 8 адад гранту бурсияҳо мавриди татбиқ қарор доштанд.
Фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ: Зимистони соли хониши 2019-2020 биноҳои таълимии донишгоҳ аз рӯи реҷаи муайяншуда бо гармӣ таъмин буданд. Ҳамзамон, дар ҳамкорӣ ва дастгирии шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳрӣ, маркази барқу гармидиҳӣ ва садорати факултетҳо дар биноҳои таълимӣ аз ҳисоби кормандони бахши хоҷагӣ навбатдории шабонарӯзӣ, гурӯҳҳои худфаъолиятӣ, ситоди кории амалкунанда ташкил карда шуда, масъалаҳои пешомадро ба таври фаврӣ ҳаллу фасл менамуданд. Дар соли ҷорӣ биноҳои таълимии донишгоҳ, қисман хобгоҳҳо ва бинои Институти илмӣ-таҳқиқоотӣ ва литсейи донишгоҳ бо оби гарм таъмин гардиданд. Яке аз самтҳои асосие, ки қисмати иқтисод ва иҷтимоиёти донишгоҳ фаъолияти худро ҷоннок намуд, ин иштироки бевосита дар ободу зебо гардонидани гирду атрофи биноҳои таълмӣ, мавзеи «Шаҳраки донишҷӯён» ва кӯчаҳои шаҳр гузаронидани шанбегиҳо буд.     
Дар бинои таълими №17 бо истифода аз маблағгузории грантӣ маркази инноватсионӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки ин яке аз дастоварди нав дар татбиқи илмҳои техникӣ дар донишгоҳ мебошад. Дар марказ дастовардҳои навтарини олами техникӣ, аз қабили 10 адад моноблокҳои навъи охирин, дастгоҳи гравёркунӣ- 2 адад, принтерҳои 3D, проектор, таҷҳизоти лазерӣ насб карда шудаанд. Ҳамзамон, дар хобгоҳи №6 як сехи дузандагӣ бо 8 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд, ки фаъолияти худро аз духтани рахтҳои хоб барои донишҷӯён оғоз намуд. Баробари паҳн гардидани бемории сироятии короновирус COVID-19 сех самти фаъолияти худро барои духтани ниқобҳои яккарата иваз намуд ва дар тули фаъолияти худ беш аз 2000 дона ниқобҳои яккарта духта ба истифода дод. Инчунин, дар хобгоҳи №7-и духтарон бо дастгирии раёсати донишгоҳ бо истифода аз гранти хориҷӣ синфхонаи таълимӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки духтарон дар вақтҳои фориғ аз дарс ба касбомузӣ машғул мешаванд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои Институти Конфутсий анҷом ёфта, корҳои васлу пардозгарӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Насби хатҳои барқӣ, обу коррезӣ ва хатҳои гармирасонии бино дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи илму маърифат дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаю стандартҳои давлатии соҳаи маорифи кишвар ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ кӯшиш намоянд ва тавонанд, дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат саҳмгузор бошанд.