ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

25

Имрӯз (29.06.2024) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳ дар сатҳи баланд доир гардид, ки дар он як масъала: ҳисоботи ректори Донишгоҳ оид ба бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои фаъолияти устодону кормандони Донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷаласа ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода муовинони ректор ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ иштирок доштанд.

Зимнан масъулини сохторҳои ҳар як бахши Донишгоҳ аз зарфияти илмӣ ва фаъолияти нимсолаи худ ба аъзоёни Шурои олимони Донишгоҳ ба тафсил ҳисобот доданд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Эмомалӣ Насриддинзода натиҷаҳои бадастомада дар нимсолаи аввали соли 2024 -ро дар маҷмӯъ барои ДМТ хуб арзёбӣ намуд. Зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки нимсолаи аввали соли 2024 барои ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли хотирмон ба ҳисоб меравад.

Зеро муҳимтарин дастоварди давраи ҳисоботӣ барои Донишгоҳ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 20-уми июни соли 2024 мебошад, ки лоиҳаи он ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Қонуни мазкур минбаъд дар рушду пешрафти Донишгоҳ, тақвияту ташаккули самтҳои таълимию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, молиявию хоҷагидории Донишгоҳ, ба талаботи ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани стандарт ва нақшаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва саҳми бориз гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Зимнан ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода таъкид намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муассисаи пешоҳанги таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар самтҳои таълим, илм, инноватсия, тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ ба роҳ мондааст, пеш мебарад.

Дар робита ба ҳисоботи Ректори Донишгоҳ Раҳимзода Ҳ.Р. – д.и.и., профессор, декани факултети иқтисод ва идораи ДМТ фикру пешниҳодҳои худро иброз дошта, ҳисоботи роҳбарияти Донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар интиҳо ректори Донишгоҳ бо арзи сипос ва миннатдорӣ ба кулли устодон ва кормандони ДМТ дар нимсолаи дуюми соли 2024 муваффақият ва комёбиҳо таманно намуда, ба чанде аз устодону кормандони Донишоҳ Ифтихорнома ва Сипосномаи Донишгоҳ тақдим намуданд. Зимнан таъкид гардид, ки раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ кӯшиш намоянд ва тавонанд, дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат бештару беҳтар саҳмгузор бошанд.