ФАЪОЛИЯТИ КОРГОҲИ ДОРУҲО

776

 Бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инвеститсионӣ дар Парки технологии донишгоҳ коргоҳи хурди истеҳсоли доруҳои гиёҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар коргоҳ шаклҳои сахти дору, ба монанди хокадору, ғурушаҳои доруворӣ, маҷмаъгиёҳ ва гиёҳҳои алоҳидаи доруворӣ таҳия карда мешаванд. Маҳсулоти истеҳсолшаванда дар асоси ашёҳои ватанӣ аз манбаъҳои табиӣ дастрас ва таҳия карда мешаванд.

Дар баробари корҳои истеҳсолӣ, дар ин коргоҳ донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ машғулиятҳои амалӣ-таҷрибавии худро дар шароити истеҳсолоти воқеъӣ ба ҷо оварда, соҳиби малакаи касбӣ мегарданд. Ғайр аз ин, ҳар як корҳои илмӣ-татқиқотие, аз тарафи донишҷӯён, унвонҷӯён ва дигар муҳаққиқони соҳаи дорусозӣ ба ҷо оварда мешавад, метавонад дар шароити коргоҳ меъёргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, дар истеҳсолот ҷорӣ карда шаванд.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти коргоҳ барои амалӣ гардидани татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.