ФАЪОЛИЯТИ МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН БАРРАСӢ ГАРДИД

274

Имрӯз (15.12.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ вохӯрии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо олимони ҷавон ва докторантон Ph.D баргузор гардид.

Мақсад аз вохӯрии мазкур баррасии фаъолияти муҳаққиқони ҷавон буд. Дар вохӯрӣ Ректори донишгоҳ дар самти беҳтар гардонидани фаъолияти илмию таълимии муҳаққиқони ҷавон ва сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ суханронӣ намуданд.

Навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, дифои рисолаҳои илмӣ дар вақти муайяншуда, фаъолияти пурсамар дар ҳамоишу чорабиниҳои илмию таълимӣ ва дар амал татбиқ намудани илм бо истеҳсолот аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар самти беҳтар гардонидани фаъолияти муҳаққиқони ҷавон ва барои ҷоннок намудани низоми коргузорӣ дар ин самт ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.