ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН БОЯД НАЗАРРАС БОШАД…

407

Омӯзгорӣ касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Омӯзгор барои рушди ҷомеа, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ муваззаф мебошад. Бояд дар хотир гирифт, ки омӯзгор бояд заҳмат ба харҷ диҳад то наслро ба камол расонад. Насли одӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз.

Ин масъала зимни вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо омӯзгорони ҷавони донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки саҳми омӯзгорони ҷавон дар рушду инкишофи самтҳои мухталифи донишгоҳ бояд аз пештара бештар ба назар расад. Хусусан дар низоми таълим, тарбия ва илм фаъолияти омӯзгорони ҷавон бештар дида шавад.

Омӯзгор соҳиби андеша, соҳиби андарз, соҳиби панду ҳикмат аст. Аз рӯйи ин андеша бояд амал намуд ва дастовардҳои беназирро рӯйи кор овард.

Дар идомаи вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои интизоми меҳнат, сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, саҳм гузоштан дар рушди илми ватанӣ, сайқал додани дониш ва маҳорати забондонӣ, иштироки фаъол дар чорабиниҳои дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, саҳм гузоштан дар корҳои тарбиявию таълимӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос ё курсҳои тайёрӣ миёни донишҷӯён, оммода намудани донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун, фаъолона иштирок намудан дар нашри мақолаҳои илмию омавӣ ва ғайра мулоҳизаҳои ҷолиб сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки дар донишгоҳ наздик ба 600 нафар омӯзгорони ҷавон бояд рисолаҳои илмии худро ҳимоя намоянд. Роҳбарияти донишгоҳ омодааст, ки дар ҳама самтҳо ба омӯзгорони ҷавон кумак намояд. Аммо, дар хотир бояд гирифт, ки тобиши зиндагӣ собит месозад, ки давлати омӯзгор шогирдонаш мебошанд. Аз ин рӯ, дар тарбияи шогирдони ватандӯсту хештаншинос бояд бештар кушиш намоем ва эҳтироми устоду шогирд ва ё шогирду устодро ба ҷой оварем.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо сохторҳо ва намояндагони бахшҳои мухталифи донишгоҳ давра ба давра баргузор мегардад.