ФАРҲАНГ, ҶОМЕА ВА УСТУВОРИИ ОИЛА

75

Имрӯз (01.12.2022) бо ибтикори Раёсат ва бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бо иштироки занону бонувон ва донишҷӯдухтарони фаъол чорабинии маърифатӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Зуҳурзода Зарина – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуда, оид ба вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пӯшидани либоси миллӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки бояд зани тоҷик дорои гуфтору рафтори шоиста, донишу маърифати арзанда, ахлоқу маънавиёти баланд бошанд ва ба либосу фарҳанги миллӣ арҷ гузоранд.

Ҳамзамон, Ширингул Қурбонова – Раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуда, доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳангӣ мо бегона ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ мақсади асосии чунин ҳамоишҳо мебошад.

Намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбати худ оид ба пешгири омилҳои номатлуб, ҷинояту ҷинояткорӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, таълиму тарбия, одобу рафтор, соҳибкасб ва соҳибмаълумот гардидани духтарон, омода гардидани онҳо ба ҳаёти мустақилона суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки зиндагии хушбахтона аз худи зану шавҳар вобастагӣ дорад, чуноне, ки хоҳиши ақди никоҳ кардан ба ихтиёри худи онҳост. Зану шавҳар бояд дар якҷоягӣ барои фароҳам овардани муносибатҳои хуби оилавӣ кӯшиш намоянд, барои хушбахтии оилаи худ мубориза баранд.

Дар охир баҳри фароғати иштирокдорони чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ-фароғати ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ намоиш дода шуд.