ФЕСТИВАЛИ КАСБУ КОР!

768

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТҶ “Одамони Хушбахт” ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иқдом гирифтааст, ки ҷиҳати ба кор таъмин кардани хатмкунандагон чорабинии калони муштарак – “Фестивали касбу кор” ташкил ва баргузор намояд. Мақсади фестивал – ташкили вохури намояндагони соҳаҳои гуногуни корфармоён бо мутахассисони ҷавон ва соҳибистеъдод, ки дар ҷустуҷуи кор қарор доранд.

“Қадами нахуст – шиносои пайдо кардан” ва “Қадами дуюм – бастани шартнома”

Фаъолияти фестивал дар самтҳои зерин амали карда мешавад:

1.Муаррифи кардани имконияти меҳнатӣ дар корхонаҳои шарикон;

2.Бозии туҳфаҳо аз шарикони фестивал

3. Интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисон

Макони баргузории Фестивали касбу кор: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Шаҳраки донишҷуён. Толори ТСО ва Ш.Ҳусейнзода.

Вақти баргузории Фестивал: 22 октябри соли 2022 , аз соати 09:00 то 17:00

Шарикони фестивал: Тамоми корхона ва ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, намояндагони тиҷоратӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, илмӣ-таълимӣ ва монанди инҳо.

ТАШКИЛКУНАНДАГОНИ ЧОРАБИНИИ МАЗКУР АЗ ТАМОМИ ШАХСОНИ МАНФИАТДОР ВА ШАВҚМАНДОН ДАЪВАТ МЕКУНАНД, КИ БА КОРИ “ФЕСТИВАЛИ КАСБУ КОР” ШОМИЛ ШУДА, БА РАФТИ ОН ТАШРИФ НАМОЯНД.

Барои гирифтани иттилооти иловагӣ нигаред ба Ссилкаи зерин: Фестиваль Карьеры (2)