Имрӯз (19.05.2021) бахшида ба Рӯзи ҷавонон – 23-юми май дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш ва раёсати ДМТ форуми шаҳрии ҷавонон таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ омили рушди босуботи ҷомеа баргузор гардид.
Дар форум намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарият ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии касбӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Дар форум нахуст муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оид ба ҳамбастагии ҷавонон ва сулҳу суботи ҷомеа, пешгирӣ намудани ҷавонон аз ҳар гуна ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд.
Сипас муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода баромад намуда, доир ба нақши ҷавонон дар замони Истиқлол, дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон, пос доштани арзишҳои миллӣ ибрози назар намуда, зикр кард, ки дар марҳилаҳои гуногуни рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатӣ дар бахши ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардиданд, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим мебозанд.
Ҳамзамон, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. доир ба дастовардҳои ҷавонони донишгоҳ, нақши онҳо дар пешрафт ва рушди илму таълим суханронӣ намуда, иброз намуд, ки ҷавонони саодатманди кишвар бо шукргузорӣ аз фазои ободу озоди замони Истиқлол ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош доранд. Бо дарки масъулият ҷавонони баору номуси кишварро зарур аст, ки дар пайравӣ ба мактаби бузургу ватандӯстонаи Президенти маҳбуби кишвар дар татбиқи ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ҳамеша иштироки фаъолона дошта бошанд.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Мирзозода И.Х, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Х.С. ва полковники милитсия Хайров Ф.М маърӯзаҳо шунида шуд.
Дар охир таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва мустаҳкам намудани донишҳои ҳуқуқии онҳо мусоидат менамояд.