ФУТБОЛ ОМИЛИ СУЛҲУ МУТТАҲИДӢ АСТ

124

Бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри солимӣ, тандурустӣ ва муттаҳидии устодону кормандон, инчунин, донишҷӯёну муҳаққиқон чораҳои муҳимми тарбиявию маърифат гузаронида мешавад. Чорабиниҳои варзишӣ аз ҷумлаи онҳост, ки баҳри дӯстию муттаҳидӣ мусоидат менамояд.

Боиси шодмонист, ки имсол бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ Рӯзи 25-уми май – Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид ва ин аз ҷониби СММ эътироф шуд. Имрӯз ФУТБОЛ омили сулҳу муттаҳидӣ шинохта шудааст.

Дирӯз дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллӣ мусобиқаи футболи хурд миёни устодону кормандон ҷамъбаст шуд. Дар ҷамъбасти мусобиқа бозиҳои шавқовар аз ҷониби дастаҳои раёсати Донишгоҳ ва факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, иқтисод ва идора сурат гирифт. Дастаҳо дар рақобат бозии шавқовар нишон доданд.

Бояд гуфт, ки мақсади чунин мусобиқаҳо ин оммавӣ гардонидани бозии футбол дар байни устодону кормандон ва мустаҳкам намудани риштаи дӯстии онҳо, инчунин баланд бардоштани малакаи варзишии футболбозон мебошад.