ГАРАВИШИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

76

Имрӯз (14.12.2022) тибқи нақша- чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонон”, «Дар бораи танзими анъана ва ҷаншу маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи маҳдуд намудаии истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” вохӯрии устодон, кормандон ва донишҷӯён бо сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ноболиғон ва ҷаонони ВКД ҶТ Бухоризода Мансур Ғоиб баргузор гардид.

Нахуст муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Собирзода Н.М. дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу ҳаракатҳои терористию ифротгаро ва тамоилҳои бегонапарастӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки сабаби асосии шомилшавии ҷавонон – ин паст будани сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии онҳо мебошад.

Сипас Бухоризода Мансур Ғоиб суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз ҷаҳонро хатари терроризму экстремизм фаро гирифтаву ҷумҳурии мо низ аз ин радиф истисно нест. Зикр шуд, ки ҷавонони кишвар танҳо бо худогоҳию худшиносӣ, муттаҳидию якдилӣ ва дӯстию рафоқат метавонанд дар рушду нумӯъ ва ободию пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.