ГИГИЕНАИ ШАХСӢ

8309

Гигиенаи шахсӣ ин маҷмӯи қоидаҳои беҳдошт мебошад, ки иҷрои онҳо баҳри саломатии инсон мусоидат мекунад. Гигиенаи шахсӣ чунин қоидаҳои умумиро дар бар мегирад: кори ҷисмонӣ, истеъмоли хӯроки хушсифат, меҳнату истироҳат, хоби бофароғат ва ғайра. Ба гигиенаи шахсӣ покизагии бадан, курпаву болин, сару либос, манзил ва риояи мунтазами он дохил мешавад. Яъне, тозагӣ шарти асосист. Бо риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ худ ва наздиконро метавон аз бемориҳои сироятӣ ҳифз намуд.