ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

229

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ – 5-уми октябр дар саросари ҷумҳурӣ конфронсу маҳфилҳои илмию амалӣ ва ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардида истодааст. Ба ин муносибат аз ҷониби факултетҳо ва сохторҳои гуногуни Донишгоҳи миллӣ нишастҳои судманд доир мешавад. Имрӯз (03.10.2023) дар толори калони донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони тоҷикӣ – пайванди ҷонам» баргузор гардид. Дар нишасти мазкур намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ ва устодону муҳаққиқони риштаи филологӣ аз муассисаҳои олии пойтахт иштирок доштанд.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Сипас муовини ректор оид ба тарбия, профессор Имомзода Нилуфар аҳли нишастро ба муносибати ду ҷашни таърихӣ – Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, бо суханони Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя намуда, омӯзгорро шоҳсутуни низоми таълиму тарбия унвон кард ва саҳми омӯзгоронро дар ҳифзи забони давлатӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар конференсия аз ҷониби устодон: Раҳматуллозода С. – муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исматуллозода Ш. – доктори илмҳои филология, профессор ва Музофиршоев М. – дотсенти факултети филология дар робита ба паҳлуҳои гуногуни забони тоҷикӣ маърӯзаҳо ироа шуданд.

Ҳамзамон, дар конференсия як гурӯҳ донишҷӯёни факултети филология порчаҳои шеърӣ дар васфи забони тоҷикӣ қироат намуданд.

Барномаи фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо иштироки ҳунарманди шинохта С.Билолов хотири ҳозиринро болида намуд.