ГУСЕЛИ ХАТМКУНАНДАГОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРӢ

597

Имрӯз (30.04.2022) дар фазои тантанавӣ беш аз 110 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Ба ин муносибат дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, роҳбарияти донишгоҳ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва падару модарони донишҷӯён чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронӣ иброз дошт, ки “хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад”.

Дар чорабинӣ Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Абдухолиқзода Лутфия -муовини Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки мо ба матонату далерии афсарону сарбозони шуҷои Ватан эътимод дорем ва ифтихор мекунам, ки имрӯз донишҷӯён-хатмкунандагон ҳамчун ҷавонмардони асил ба сафи муҳофизони Ватан пайваста, қарзи фарзандиро дар назди Модар-Ватан иҷро менамояд.

Аскаршаванда, донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ Салимзода Салим аз номи коллективи хатмкунандагон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки боварӣ дорам дар ин мактаби мардонагӣ аз лиҳози сиёсӣ, ҳарбию ҷисмонӣ ва ҷасорату матонат обутоб ёфта, дар оянда низ ба халқу Ватани азиз сарбаландона хизмат менамояд.

Чорабинӣ бо гирифтани акси хотиравӣ ва барномаи фарҳангии омоданамудани ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ ҷамъбаст шуд.