(Чанд сухан аз ҷараёни баргузории Конфронси олимон ва зиёиёни эҷодкори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, 19.08.2024, шаҳри Душанбе)
Давлат ва Ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳадаф аз овардани иқтибоси боло дар он аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф ва тақвият бахшидани самтҳои мазкур таваҷҷуҳи вижа зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои муаззами миллат пайваста зимни мулоқоташон бо аҳли зиёи мамлакат дар самти баланд бардоштани таҷрибаи илмӣ ва дар амал татбиқ намудани он, инчунин, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани пажуҳиши илмӣ, дастурҳои мушаххас медиҳанд. Яке аз он омилҳое, ки дар роҳи расидан ба муваффақиятҳои илму истеҳсолот мусоидат менамояд, ки рушди равобити илмию истеҳсолӣ бо кишварҳои дуру наздик мебошад.
Дар ин замина имрӯз (19.08.2024) дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон дар пояи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи олимон ва зиёиёни эҷодкори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд. Намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович иштирокчии конфероенси мазкур гардида, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон масъалаҳои мубрами илмию байналмилалиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳамоиши мазкур, дар баробари дигар роҳбарону намояндагони сохторҳои илмию таълимии Тоҷикистон, инчунин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ва олимони соҳаҳои гуногуни Донишгоҳ иштироку суханронӣ намуданд.
Зимнан баргузории ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории конференсияи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи илм, муттаҳид сохтани нерӯи илмии олимони Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин, баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии пажӯҳишҳои илмӣ дар доираи як платформа мебошад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ифтитоҳи ҳамоиши мазкур аз муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки равобити илмию фарҳангии мардуми Тоҷикистон ва Қазоқистон таърихи ҳазорсола дорад. Имрӯз низ зери сиёсати Сарони давлатҳои ду кишвари дӯст ҳамкориҳо ба таври густурда рушд меёбанд.
Гуфта шуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Қазоқистон, хусусан ҳамкориҳои адабӣ бо саъю талошҳои як зумра адибони барҷастаи тоҷику қазоқ густариш ёфта, дар ин самт таълифоти мондагоре ба сомон расонида шудааст.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Куришбаев Ахилбек Кажигулович низ зимни суханронӣ аз ҳамкориҳои мутақобиланд судманди Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ шуда, изҳор дошт, ки дар замони ҷаҳонишавӣ марказҳои илмию таълимиро робитаҳои зич ба ҳам мепайвандад. Ҳамкориҳои имрӯзаи марказҳои илмию таълимии Қазоқистон бо Тоҷикистон метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намоянд. Зикр шуд, ки конференсия ба самтҳои мухталиф такони нав бахшида, марҳалаи муҳими рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯст мегардад.
Дар кори конференс як зумра масъалаҳо, аз ҷумла таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии бештари самараноки тадқиқоти илмӣ, мусоидат дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави илмӣ, ташкил ва гузаронидани экспедитсияҳои илмии муштарак, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи ислоҳот дар соҳаи илм дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди тадқиқоти илмии бунёдию амалӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот, табодули афкор оид ба пахн намудани таҷрибаи ислоҳот дар соҳаи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан гуфта шуд, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон саҳифаи тозаеро дар таърихи ҳамкориҳо боз хоҳад кард. Ин боз як далели бо суръат инкишоф ёфтани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониб дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ташрифи намояндагони давлатҳои ҳамкор аст, ки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар самти рушди корҳои илмию таълимӣ, хусусан ворид гардидани мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот мусоидат намуда, роҳҳои таҷдиди назар намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадамро нишон медиҳад. Яъне, чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ дар баробари рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, инчунин, оид ба густариш ёфтани ҳамкориҳои дипломатӣ низ созгор мебошад. Иштироки ҳайати Донишгоҳи миллӣ, хусусан ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э. С. дар ҷараёни конфронсия ва суҳбатҳои расмии намояндагони воломақоми ҷумҳурии дӯст – Қазоқистон аз мавқеи хосаи Донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ ва рушди муносибатҳои дипломатии он шаҳодат дода, заминаи хуби ҳамкориҳои мутақобилан судмандро муҳайё месозад.
МИТ ДМТ