Бо чунин унвон дар маҳфили навбатии «Тоҷион – оинаи таърихи миллат» декани факултети таърихи донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Шарифов Р. суханронӣ намуд. Дар дарси навбатӣ ва ё хонишҳои сиёсӣ, ки ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, мавзӯи хеле муҳим мавриди таҳлил қарор гирифт. Профессор Шарифов Р. мавзӯи мазкурро дар доираи сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров муфассал баррасӣ намуданд.
Домой Ахбор