ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

280

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон, тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаҳои рӯзонаи хатми соли таҳсили 2022-2023 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ дар донишгоҳ гузаронида мешавад.

Ҷиҳати роҳандозӣ намудани ин амал имрӯз (26.04.2023) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории сурат гирифт, ки дар он хатмкунандагони ихтисосҳои равияи омӯзгории факултетҳои филология, забон ва адабиёти рус, физика, химия, механикаю математика, таърих, биология, инчунин, ихтисосҳои астрономия, биотехнология ва психология бо иштироки намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои И.Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ваҳдат, Дӯстӣ, Хуросон, Қубодиён, Ёвон, Вахш, Кӯлоб, Ҷ.Балхӣ, Кӯшониён, А.Ҷомӣ, Бохтар, Темурмалик, Ш.Шоҳин ва дигар муассисаву ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки тақсимоти хатмкунандагон дар асоси «Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» сурат гирифта, мутобиқи моддаи 33-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон гузаронида мешавад.

Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои равияҳои омӯзгорӣ 178 нафар – 33 нафар тибқи квотаро ташкил намуда, 30 нафарашон ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 56 нафарашон ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 65 нафарашон ба вилояти Хатлон, 21 нафарашон ба вилояти Суғд ва 6 нафарашон ба ВМКБ фиристода шуданд.

Дар идома меҳмонон дар робита ба фаъолияти сохторҳои хеш суханронӣ намуда, барои ҷалби ҷавонони хушсалиқа ба ҷойи кор тавсеаҳои судманд доданд.