Кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 22-юми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзуи «Химияи таҳлилӣ ва аҳамияти он дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ» баргузор намояд.
Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:
- усулҳои муосири таҳлил дар рушди илм ва истеҳсолот;
- таҳлил ва таҳқиқи моддаҳои ғайриорганикӣ;
- таҳлил ва таҳқиқи моддаҳои органикӣ;
- истифодаи усулҳои таҳлил дар таҳқиқи маводи техникӣ, биологӣ, тиббӣ ва фарматсевтӣ;
- таълими фанҳои табиатшиносӣ ва техникӣ дар макотиби олӣ.
Талабот нисбати маърузаҳои барои чоп пешниҳодшаванда
Матнҳои илмии пешниҳодшуда бояд хуб таҳрир карда шавад ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошад:
- саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи 14;
- сатри якум – номи маърӯза бо ҳарфҳои калон бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бобаробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм – номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бобаробаркунии матн дар байни саҳифа;
- матни маърӯза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байни сатрӣ 1.5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;
- ҳаҷми матн бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо то 6 саҳифа (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» овардашуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
- баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маърӯза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои ворид намудан ба китобхонаи электрони Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) оварда шаванд (бо андозаи 14);
- дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа, ҷойи таҳсил, почтаи электронӣ ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи 1 июли соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърӯзаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад.
Маводи конференсия нашр мешавад.
Хароҷоти рафту омад ва зист ба зимаи иштирокчиён аст.
Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, бинои № 2, факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Телефон: +992 918 15 70 26; +992 936 00 28 05. Почтаи электронӣ: tojiddin_8989@mail.ru