ХИЗМАТ БА ВАТАН ФАЗИЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ!

645

(Идомаи гусели хатмкунандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ)

Тавре иттилоъ дода будем, санаи 30.04.2022 дар фазои тантанавӣ беш аз 110 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Имрӯз (05.05.2022) аз ҳисоби хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносӣ 18 нафари дигар ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сафарбар гардиданд.

Ба ин муносибат дар толори калони факултети ҳуқуқшиносӣ бо иштироки роҳбарияти гуногуни донишгоҳ ва падару модарони донишҷӯён чорабинӣ баргузор шуд. Зимнан декани факултет, профессор Раҳмон Д.С. дар самти масъулияти ҷавонон дар ҳифзи марзу буми кишвар суханронӣ намуда, хизмат ба халқу ватанро фазилати ҷавонмардӣ номид.

Гуфта мешавад, ки рӯз то рӯз шумораи хатмкунандагони донишгоҳ барои хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар меафзояд, ки ин аз шарафи баланди ҷавонони ҳушманди кишвар дарак медиҳад.