ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР БОБИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

343

Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 имрӯз (16.03.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Дарси дуюмро доктори илмҳои таърих, профессор Қаҳҳори Расулиён гузаштанд. Мавсуф, афзуд, ки китоби «Тоҷикон» воқеан дар ташаккули хотираи таърихии мардум, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар шароити рушду инкишофи ҳамаҷонибаи давлати соҳибистиқлол нақши боризро соҳиб мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дарси мазкур миёни роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ба роҳ монда шуда, минбаъд низ мавзуъҳои гуногуни китоби мазкур аз ҷониби устодони факултети таърих дарс дода мешаванд.