ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР БОБИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

244

Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дарси навбатиро устоди факултети таърих Ҷонибеки Асрориён гузаштанд.

Воқеан ҳам китоби «Тоҷикон» дар ташаккули хотираи таърихии мардум, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар шароити рушду инкишофи ҳамаҷонибаи давлати соҳибистиқлол нақши боризро соҳиб мебошад.