ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР БОБИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

412

Ба муносибати муваффақона амалӣ гардидани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 имрӯз (10.03.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Дарси аввалинро декани факултети таърих, доктори илмҳои таърих, профессор Р.Шарипов дар робита ба аҳамияти таърихии шоҳасари «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров гузаштанд. Мавсуф, афзуд, ки асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшшудаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллиро такмил бахшид.«Китоби «Тоҷикон» воқеан дар ташаккули хотираи таърихии мардум, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ дар шароити рушду инкишофи ҳамаҷонибаи давлати соҳибистиқлол нақши боризро соҳиб мебошад. Худшиносии таърихӣ ҷузъи таркибиву ҷудонопазири худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад.

Бидуни огоҳии комил аз таърихи миллати хеш, бидуни омӯзиши амиқи асарҳои мафкурасози таърихӣ, бавижа «Тоҷикон дар оинаи таърих мо наметавонем рисолати таърихии худро амиқан дарк кунем» – афзуд профессор Р.Шарипов.

Ёдовар мешавем, ки дарси мазкур миёни роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ба роҳ монда шуда, минбаъд низ мавзуъҳои гуногуни китоби мазкур аз ҷониби устодони факултети таърих дарс дода мешаванд.