ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ДАР БОБИ «ТОҶИКОН»

242

Ҷиҳати иштироки фаъол дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонишҳои сиёсӣ ба роҳ монда шудааст.

Дарси навбатиро устоди факултети таърих Ҷонибеки Асрориён гузаштанд. Мавсуф, дар аввал роҷеъ ба муҳимияти озмуни мазкур дар ташаккули хотираи таърихии мардум ва худогоҳиву худшиносӣ намудани насли наврас сухан кард.

Сипас бо такя аз сарчашмаҳои таърихии «Тоҷикон» дар робита ба қаҳрамониҳо ва шӯриши Сипитамен бо истифода аз навор ибрози назар намуд. Таъкид шуд, ки ба муборизаи муқобили истилогарони юнону мақдунӣ баҳри истиқлоли Суғду Бохтар сипаҳсолори cуғдӣ Спитаман, ки яке аз симоҳои хеле барҷаста дар таърихи аҷдоди қадими халқи тоҷик мебошад, сарварӣ мекард.

Спитаман ба коре мувафақ гардидааст, ки касе аз уҳдааш баромада натавониста буд: ӯ дар муҳориба як қисми қӯшуни мақдуниро маҳв намуд.

Гуфта шуд, ки омӯзиши таърих ва оғоҳи аз рӯзгоро қаҳрамонии миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ муҳим мебошад.