ХУШХАБАР!

114

Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд ва саҳми назаррас дар таҳкими робитаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, мусоидати фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотию таълимӣ, дастгирии стартапҳо ва рушди соҳибкории хурду миёна, инчунин, саҳмгузорӣ дар боло бурдани иқтидори зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

Дастоварди мазкур натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Донишгоҳ, бахусус, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ба фаъолияти Парки технологӣ мебошад, ки барои амалӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд.