ХУШХАБАР

284

АЛОВИДДИНЗОДА РУХШОНА АЛОВИДДИН-Барандаи медали тилло ва нуқраи Президенти Ассосиатсияи занони ихтироъкори давлати Корея гардид!

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корҳои мушаххас, аз ҷумла ташкили озмунҳо муаррифи ихтироот, пайванди илм бо истеҳсолот ва масъаллаҳои муҷаҳазкунонии озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии соҳаро бахшида ба Бистсолаи омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ иҷро намуда истодааст. Дар робита бо ин имрўз барои муҳақиқону таҳқиқотчиёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шароити муҳаё фарох гардидааст, ки ихтироотҳои худро на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд.

Боиси ифтихор аст, ки имрўзҳо дастовардҳои ихтирооткорони ходимони илмии Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар арсаи байналмилали муаррифӣ ва эътироф гардида, бо Ҷоизаҳои оллӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Аловиддинзода Рухшона Аловиддин-номзади илмҳои химия, ходими пешбари озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии «Химияи глитсерин» ба номи узви вобастаи АМИТ, д.и.хим., профессор Кимсанов Б.Ҳ. дар 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор (рўзҳои 20-23 июли соли 2023) дар маркази байналмилалии намоишгоҳи Корея «KINTEX» дар шаҳри Коянги Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуда буд иштирок намуда, бо ду ихтирооти худ:

«Тарзи ҳосил кардани 1 хлор-3-глитсилглитсилопропан-2 ол» ва «1,5-дифенил-3,7-диметиленпергидо-оксини фаъолияти зидибактериявӣ» бо як медали тилло ва нукра сарфароз гаридид.

Бояд зикр намуд, ки чорабинии бонуфуз аз ҷониби ассотсиатсияи занони ихтироъкорони Корея «KWIK» дар ҳамкорӣ бо «KIP» ташкил карда шуда, ҳадафи он мусоидат ва эътирофи ихтирооти занон дар саросари ҷаҳон мебошад. Дар Намоишгоҳи байналмилалии занони ихтироъкор бо 375 ихтироот аз 19 давлат, аз ҷумла: Полша, Эрон, Тоҷикистон, Арабистони Сауди, Шри-Ланка, Узбекистон ва ѓ. иштирок намудаанд. Ин Намоишгоҳи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи фаъолияти ихтироъкории занони миллатҳои гуногун ва ба бунёди робитаҳои устувори илмӣ равона карда шуда буд.

Бояд кайд намуд, ки солҳои охир 3 нафар занҳои ихтирокори Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди 10 адад ихтирооти худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло аз ҷумла 1 медали тиллои созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳни 2 медали нуқра ва 3медали биринҷӣ гардидаанд.

Муаллимаи азизро ба ин дастоварди сатҳи байналмилалӣ самимона табрик гуфта дар корҳои ояндаашон бурдбориҳо ва пешравиҳои назарраси илмиро таманно менамоем.