ИҚДОМҲОИ ТОЗА МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲҲО РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАНД

264

Дар доираи нақша – чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоии наздик бо зисту зиндагонии донишҷӯён ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо донишҷӯёни хобгоҳҳи №6 ва №8-и донишгоҳ вохӯрии судманд доир намуд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ оид ба нуктаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон сухан намуд. Дар зимн оид ба татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва тартиботи дохили донишгоҳӣ, инчунин, иштирок дар озмуну Тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани ҷавонон масъалаи дигари вохӯрӣ буд, ки таъкид шуд, ин падидаҳо ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати пурзӯр намудани тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳавасмандӣ ва имтиёзҳо ба донишҷӯёни ғолиб, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, одобу интизоми намунавӣ дар таҳсил ва кӯчаву хиёбонҳо, тозагиву озодагӣ дар хобгоҳ ва риояи тартибу интизоми муқарраргардида, истифодаи дурусти амволи хобгоҳ, беҳтар намудани идеологияи солим, саҳми донишҷӯён дар корҳои ободию созандагӣ, донистани таърих ва тамаддуни миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва дӯстиву рафоқат суҳбат намуданд.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати омодагиҳо ба кушодашавии маҷмааи варзишӣ, ки ҳафтаҳои наздик дар назар аст, инчунин, омодагӣ ба ҷашни 75-солагии донишгоҳ донишҷӯёнро ба донишу ахлоқу фаъолияти намунавӣ ва корҳои ободию созандагӣ вазифадор намуд.Инчунин, ректори донишгоҳ ҷиҳати баргузор намудани озмунҳо миёни донишҷӯёни хобгоҳ аз қабили хонаи беҳтарин, забондони беҳтарин, чевари беҳтарин, инчунин, ба масъулини хобгоҳ ҷиҳати ташкил намудани бунгоҳи тиббӣ бо тамоми маводи лозимаи доруворӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тавре ба мо мудири бахши хобгоҳҳои донишгоҳ Исматуллои С., иброз дошт, ҳадаф аз чунин вохӯриҳо бо донишҷӯёни хобгоҳро, пеш аз ҳама, беҳтар намудани сатҳи тарбияи донишҷӯён, риояи қатии тартиботи дохилии хобгоҳ, баланд бардоштани масъулияти шахсӣ дар хобгоҳ, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва оби нӯшокӣ, риоя кардани фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён мебошад.

Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯриҳо мунтазам дар хобгоҳҳои донишгоҳ аз ҷониби масъулони бахши хобгоҳҳои донишгоҳ, шуъбаи тарбия ва омӯзгороне, ки дар хобгоҳҳо навбатдор таъйин шудаанд, гузаронида мешавад.