ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНАИ РОҲБАРИЯТИ ДМТ

319

Дар пайравӣ ба ташаббусҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз (26.12.2022) роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сарбозону афсарони қисми низомии 5453-и Қӯшунҳои дохилии ВКД миқдори муайяни хӯрокворӣ ҳамчун туҳфаи солинавӣ тақдим намуда, барои онҳо барномаи фарҳангии идона, ки ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ омода намуда буд, ташкил карданд. Маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, равған, шакар, макарон, картошка, пиёз, сабзӣ ва биринҷ иборат буд.

Ҳайати донишгоҳ таҳти роҳбарии  муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ  оид ба таълим Собирзода Н.М. бо афсарону сарбозон мулоқот намуда, фарорасии соли нави мелодии  2023-ро самимона табрик намуда, аз шарту шароити сарбозон боздид намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки бо шарофати сиёсати инсонпарварони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз сокинони Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоишта умр ба сар бурда, аз кумакҳои давлату Ҳукумат, соҳибкорон ва намояндагони сохторҳои мухталифи кишвар бархӯрдор мегарданд.

Таъкид шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қодиранд, ки дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намоянд. Артиши миллӣ дар ҳама давру замон барои ҳар давлати соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин ба ҳисоб меравад.

 Бояд қайд намуд, ки роҳбарияди ДМТ дар пайравӣ ба сиёсати инсонпарварони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу заҳматҳои пайвастаи шаҳрдории кишвар чунин иқдомҳои некро дар арафаи ҳар ҷашну маросим амалӣ менамояд, ки ин иқдом яке аз хислатҳои накӯи инсонпарварӣ дониста мешавад.