ИҚДОМИ НАВБАТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАВУ ОЗМУНҲО (Аз муаррифии дастовардҳо то супоридани мукофотпулӣ дар Шуро)

83

 Имрӯз (05.07.2022) дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуд.

Дар оғоз ба устодоне, ки дар самтҳои мухталиф дар КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд, шаҳодатнома супориданд.

Дар идомаи ҷаласа як қатор устодону кормандон барои омода намудани донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалии тақризшаванда (аз ҷумла, устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа) бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, донишҷӯёне, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2022 дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Донишҷӯйи соли ИДМ», давраҳои шаҳрии озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, бо Ифтихорномаи ДМТ ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

 Дар зимн ректори донишгоҳ ба садорат ва масъулин дастур дод, ки донишҷӯёне, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла соҳиби ҷойҳои аввал гардидаанд, ба риштаи магистратура дар гурӯҳи ройгон қабул карда шаванд ва ба тадқиқоти илмӣ ҷалб гарданд.

 Дар ҷаласа таъкид шуд, ки имсол бо ибтикори ректори донишгоҳ дар самти қадрдонии дастовардҳои устодону донишҷӯён тадбирҳо андешида шуда, мукофотпулиҳо ба андозаи шонздаҳ фоиз зиёд карда шудаанд.

Дар охир ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ғолибонро самимона табрик намуда, дар иҷрои корҳои илмию таълимӣ дастовардҳои тозаро таманно намуд.