Иқдоми неки роҳбарияти ДМТ

1967

Имрӯз (24.09.2020) бо ибтикори ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) миёни донишҷӯёну сокинони гӯшаҳои гуногуни шарҳи Душанбе беш аз 2000 ниқоби якдафъаинаи тиббӣ тақсим гардид.

Иқдоми мазкур бо роҳбаладии муовини ректори ДМТ оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. дар назди даромадгоҳи Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ, бозори «Сафариён» ва даромадгоҳи беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Ин иқдом бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 андешида шудааст ва дар назар аст, ки зиёда аз 30 000 ниқоб ба сокинони шарҳи Душанбе тақсим шавад.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми нек идома дошта, дар ҷараёни он чанде аз муовинони декани факултетҳо оид ба тарбия ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок менамоянд.