ИҶЛОСИЯ ВА РӮЙДОДҲОИ ТАЪРИХӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР

383

Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ин Иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ доранд. Бояд гуфт, ки Иҷлосияи XVI як қатор шахсонеро ба майдони давлатдорӣ овард, ки нисбатан ҷавон ва ҷонибдори ғояҳои нав буда, минбаъд дар ҷараёни кор баробари давлати тозаистиқлол обутоб ёфтанд ва аз мактаби бузурги сиёсӣ гузашта, ба камолот расиданд.

Бояд қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI дар таърихи давлатдории мо нақши беназиреро гузоштааст. Ҳақ бар ҷониби бузургмардест, ки гуфтааст: “То гузаштаро ба ёд наорем, ба қадри ҳаёт, фазои имрӯза ва оянда нахоҳем расид”. Имрӯзҳо аз санаи таърихии 16 – ноябри соли 1992 30 сол сипарӣ мешавад. Ибтидои солҳои 90-уми асри XX буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шуравиро куллан фалаҷ сохт. Дар паҳнои он ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибистиқлолии худро эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори 15 ҷумҳуриҳои Шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Пас аз касби соҳибихтиёрӣ эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳури оғоз ёфт. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд ва аъзои комилҳуқуқи чанд созмону ниҳодҳои минтақавию байналхалқии хислати гуногундошта гардид.

Бояд гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он рӯзҳо ба халқи тоҷик фидоиёни Ҳукумати Конститутсиониро бараъло муаррифӣ карда, ҳукумати навбунёдро ташкил намуд. Он барои барпошавии сулҳу субот дар мамлакат заминаи воқеӣ гузошта, масъалаҳои зербинои Ваҳдати миллиро ба миён овард.

Мардуми гурезашуда аз нав сарҷамъ гашт, бенизомӣ ва ҳолати фалаҷии сохторҳои давлатӣ барҳам хӯрд, камчинии озуқа бартараф шуд… Кишвари гирифтори гирдоби ҷанг наҷот ёфт, миллат ба сулҳу ваҳдат ва амният расид.

Лозим ба таъкид аст, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ гузаронида шуд. Шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба зимма гирифта, ба воситаи Шурои Олӣ онро хостанд ифода намоянд. Баҳри ноил гардидан ва барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ, таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҷаласа баргузор гардид. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI муайян кард. Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Лаҳзаҳои душвор инсонҳои қавиро ба вуҷуд меоранд, инсонҳои қавӣ заминаи фаро омадани лаҳзаҳои хуб мешаванд. Миллати Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада, барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки аз байни даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ҳақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар иҷлосияҳои Шурои Олӣ нақши муасир мебозид. Ӯ савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Аз нигоҳи имрӯза ва оянда бо ифтихор бояд таъкид намоем, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти нави мамлакат гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки сарвари демократ будани худро ба таври пурра ифода намояд. Ҳамдигарфаҳмии аксарияти вакилони иҷлосия, муттаҳид будани онҳо дар самти дарку эҳсоси масъалаҳои муҳимму тақдирсози мамлакат, ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо дар ҳалли мушкилоти гузошташуда боиси минбаъд таъмин гардидани заминаи ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа гардид.

Дар лаҳзаҳои тақдирсози ҳаёти давлат ва халқи Тоҷикистон ба ҳам омадани фарзандони баномуси миллат, муттаҳидӣ дар атрофи Роҳбари давлат, натарсидан аз душвориву хатарҳои мавҷуда, эътимод ба ояндаи неки давлат ва халқи худ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як давлати ободу зебо ва рӯ ба инкишоф мубаддал гардонид.

Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳо раванди давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта буҳрони шадиди сиёсӣ фаро гирифт, ки кишвари моро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашид. Сабабҳои cap задани ҷанги шаҳрвандӣ зиёданд. Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорҳо нафар хонабардӯш, фирорӣ ва кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардиданд. Дар чунин вазъият ягона сохторе, ки тавонист вазъи мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоиро баррасӣ ва ҳаллу фасл намояд, ин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Фақат Шурои Олӣ чун органи олии намояндагӣ ва қонунгузор бояд масъулияти азимро ба дӯш гирифта, роҳи ҳалли муноқишаҳои сиёсиро пайдо мекард. Бо тақозои халқ ва иродаи аксари вакилони мардумӣ қарор қабул гардид, ки барои ҳалли масъалаҳои доғи рӯз Иҷлосияи Шурои Олӣ даъват карда шавад. Азбаски дар пойтахти мамлакат сохторҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида, таъмини амнияти вакилони мардумӣ имконнопазир буд, тасмим гарифта шуд, ки Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад. Дар чунин вазъияти муташаниҷ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо иштироки 197 вакилони халқ ба кори худ шуруъ кард.

Дар иҷлосия намояндагони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва баъдан аксар қумандонҳои тарафҳои даргир иштирок намуданд. Даъвати иҷлосияи Шурои Олӣ худ иқдоми хеле оқилона ва хирадмандона буд, ки аз фарҳанги олӣ ва хиради азалии мардуми тоҷик сарчашма мегирифт, ки ҳадафи он ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат буд. Муҳимтарин масъалаҳое, ки аз ҷониби Раиси Шуро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ гардид, ин фаъолияти қонунгузории кишвар буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузошт. Таҳти раёсати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосия як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси даровардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси депутатҳои халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 18-уми ноябри соли 1992 таҳти №673; «Дар хусуси дохил кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андози даромади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа» аз 23-юми ноябри соли 1992 таҳти №696; «Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23-юми ноябри соли 1992 таҳти №697; «Дар бораи аз андози арзиши иловашуда озод кардани роҳхатҳо ба табобатгоҳҳои санаторию курортӣ, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои солимгардонии тобистона» аз 23-юми ноябри соли 1992 таҳти №700; «Дар бораи гурезагон» аз 24-уми ноябри соли 1992 таҳти №708; «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27-уми март то 25-уми ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд» аз 26-уми ноябри соли 1992 таҳти №728; «Дар бораи рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардан» аз 26-уми ноябри соли 1992 таҳти №731; «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 3-юми ноябри соли 1992 таҳти №740; «Дар бораи ба узвияти Захираи арзи байналхалқӣ, Бонки байналмилалии таҷдиду тараққиёт, Ассотсиатсияи байналмилалии тараққиёти Корпоратсияи байналмилалии молия ва Агенти бисёрҷабҳаи амонати пасандозҳо дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23-юми ноябри соли 1992 таҳти №698; «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24-уми ноябри соли 1992 таҳти №704; «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 ноябри соли 1992 таҳти №705; «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24-уми ноябри соли 1992 таҳти №706; «Дар хусуси тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволи онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд» аз 30-юми ноябри соли 1992 таҳти №739 дар ҳамин шумор буданд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар даврони фаъолияти худ садҳо қонуну санадҳо таҳия ва қабул карданд, ки онҳо дар рушди ҷомеаи навини мо нақши арзанда бозиданд ва минбаъд низ ҳамчун воситаи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд хизмат хоҳанд кард.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳамаи қонуну қарорҳое, ки дар Иҷлосия қабул шуданд, ҳамчун иқдомоти пайгиронаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузошта, мардум ба бунёдкориву созандагӣ машғул шаванд. Дар Иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.

«…Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ин садоқату самимият, ки аз ҷониби Раиси Шуро садо дод, тухми умед ва боварӣ ба фардоро пошид. Ҳамин буд, ки бо талошҳои Раёсати Шурои Олӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мустаҳкам кардани фаъолияти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, хусусан Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ, муҳофизати марзҳои ҷумҳурӣ, беҳбудии вазъи иқтисодии он ва ғайра як қатор қарорҳо қабул карда шуд. Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон ёфта, онҳо бо аслиҳа ва дигар муҳимоти ҳарбӣ таъмин шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ, Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳад чораҳои мушаххас андешид. Раёсати Шӯрои Олӣ ва Шурои Вазирон бо дарназардошти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии аҳолии ҷомеа як силсила қарору фармонҳо қабул кард. Афви умумӣ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо хӯрокворӣ, пеш аз ҳама, орду равған, зиёд намудани музди меҳнат, мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳаллу фасли худро меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳалӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аслан аз байн рафта буданд, барқарор карда шуданд. Бо таъбири дигар метавон гуфт, ки давраи нави қонунгузории кишвар аз ин Иҷлосия оғоз гардидааст. Ба таври дигар гуфтан муҳим аст, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ тадбирҳои муҳимми сарнавиштсози зеринро анҷом дод: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд; сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт; хатари пош хӯрдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд; тадбирҳои мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани ҷомеаро ба миён гузошт; самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакатро муайян намуд; мавқеи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро аниқ сохта, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод.Барои тастиқи андешаҳои боло метавон масъалаҳои рӯзноми Иҷлосияи мазкурро ёдрас шуд, ки аз инҳо иборат буд:

1. Дар бораи дохил кардани тағйирот ба моддаҳои 102 ва 174 Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Дар бораи дохил кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси депутатҳои халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

3. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикитон аз ҳавзаҳои алоҳидаи интихоботӣ;

4. Дар бораи изҳороти аъзоёни Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5. Дар бораи аз вазифаи муовини Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардани Приписнов В.И.;

6. Дар бораи бозхонди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7. Дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8. Дар бораи изҳороти аъзоёни Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9. Дар бораи изҳороти Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Р.Н.;

10. Дар бораи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11. Дар бораи интихоби муовинони Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

12. Дар бораи тасдиқи аъзоёни Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

13. Дар бораи Додситони қулли Ҷумҳурии Тоҷикистон;

14. Дар бораи Нишони давлатӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

15. Дар бораи муроҷиат ба мамлакатҳои ИДМ;

16. Дар бораи тартиби ба маҳалаҳои зисти доимиашон баргардондани гурезагон;

17. Дар бораи афв;

18; Дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ озод кардани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ;

19. Дар бораи дохил кардани тағйирот ба қонунгузорӣ дар бораи андози даромад аз шаҳрвандон;

20. Дар бораи чораҳои муътадилгардонии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

21. Дар бораи раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

22. Дар бораи тафтиши факти бо чархбол овардани яроқ ба ВАБК (имрӯза Бадахшон) аз ноҳияи Москва (имрӯза вилояти Хатлон);

23. Масъалаҳои гуногун.

Дар ҳақиқат Иҷлосия аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, ҳизбию маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар донист. Баррасии масъалаҳои зикршуда осон набуд. Ба раванди ҳодиса ва воқеаҳои баамаломада баҳои воқеӣ дода, манфиати миллиро аз ҳама гуна манфиатҳо боло гузошта, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ҷасорат, иродаи қавию вақти тӯлониро талаб менамуд…

Хушбахтона, баъди барқарор гардидани сулҳу салоҳ Тоҷикистон зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза рӯ ба тараққӣ ниҳода, пайваста талоши онро дорад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ба яке аз давлатҳои рушдкунандаи олам мубаддал гардад. Имрӯзҳо ба кишвари шукуфон табдил ёфтани Тоҷикистон шаҳодат аз он медиҳад, ки солҳои наздик рушди боз ҳам бовусъат дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъият моро интизор хоҳад буд.

Ҳар яки мо, пеш аз ҳама, сарфи назар аз синну сол, вазифа, қавм, авлод, маҳал, табақаи иҷтимоӣ ва динии худ бояд, ҳатман, ба рӯзҳои гузаштаи худ, хусусан даърихи Иҷлосияи сарнавиштсоз, ки имрӯзҳо дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди он қарор дорем, назар андозему онро омӯзем ва дарк намоем, ки муваффақиятҳои имрӯза ба осонӣ ба даст наомадааст. Фаромӯш набояд кард, ки миллати нав баистиқлолрасидаи тоҷик рӯзҳои даҳшатборро аз сар гузаронид. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси на ин ки ҳисороти моливу ҷонӣ гашта буд, балки ҳатто ба будани мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид карда буд.

Барои мустаҳкам намудани Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва солимии ҷомеа баланд бардоштани шуури миллӣ лозим аст, ки онро метавон ба таври зайл фаҳмид: худшиносии миллӣ, ки он дар асоси забон ва фарҳанг шакл мегирад; ҳисси миллӣ доштан; эҳсоси ватандӯстӣ дар тафаккур ва амал; озод будан аз ҳама маҳдудиятҳои қавмӣ, авлодӣ ва маҳалӣ ва ғайра.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди бовусъати ҳама паҳлуҳои соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ба шуурнокии насли донишманд вобастагӣ дорад. Пас, омӯхтану донишманд шудан, ҳифз доштани арзишҳои миллию солим нигоҳ доштани ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама эҳтирому арҷ гузоштан ба корномаи фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳадафи кори мо дар зиндагӣ қарор гирад. Чун дар остонаи 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз қарор дорем ва тавъам омадани онро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16-уми ноябр эҳтиром ба заҳмату ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат дар ин Иҷлосияи таърихӣ ва минбаъд низ номид. Таърих собит намудааст, ки Иҷлосия сарнавишти навини миллатро бо роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон сохт ва он хидматеро анҷом дод ва имрӯз анҷом дода истодааст, ки номаш дар ҳазорсолаҳои дигар дар саҳифаҳои таърих бо нақши заррин сабт мегардад. Бояд дар хотир гирифт, ки 16-уми ноябр барои миллати тоҷик аз дурахшонтарин рӯзҳои таърихӣ ба шумор меравад. Маҳз дар ин рӯз бузургтарин рӯйдодҳои тақдирсоз ба миён омадааст, ки дар рушду пешрафти давлат ва ваҳдатсозии миллат нақши муассир доранд. Чунончи дар ин рӯз Иҷлосияи тақдирсоз, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кордарории нахустин чархаи иншооти аср – НБО-и “Роғун”, ки орзую омоли халқи тамаддунофари тоҷик буд, рост меояд. Ин саҳифаҳо дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон бузургтарин рӯйдоди сиёсӣ буда, дар таърих мақоми махсусро ишғол намудаанд. Сиёсати оқилона, озмудашуда мувозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра, аз қабили таъмини аҳолии рӯи замин бо оби тоза, мубориза ба муқобили паҳншавии экстремизм, терроризм, маводи мухаддир ва ғайра самараи нек ба бор овард. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз аз тарафи 180 кишвари дунё шинохта шудааст. Тоҷикистон узви беш аз 50 созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва ҳамоишҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё ва ҳайъатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ ба Тоҷикистон аз эътибори баланд ва мавқеи рӯзафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ башорат медиҳад. Солҳо мегузаранд, аммо аҳамияти таърихӣ ва рӯйдодҳои тақдирсози ин санаи таърихӣ, хусусан Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, илова бар ин, дастовардҳои таърихии 30-соли созандагиҳо дар таърихи халқи мо боқӣ хоҳад монд.

Ғаффорзода Илёс Ғаффор,Қурбонов Қобилҷон Шарифбоевичдоктори илмҳои ҳуқуқ, профессорони ДМТ