ИҶЛОСИЯ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

225

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳворабудаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз (12.11.2022) бахшида ба ҷашни 30-юмин солагарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари муштарак: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Маҷмааи “Истиқлол” ва устодон, кормандону донишҷӯёни донишгоҳ дар толори Маҷмааи “Истиқлол” дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI ва рушди давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Дар оғоз декани факултети таърих, профоссор Шарипов Раҳмоналӣ дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мантиқи таърих” маърӯза намуд. Ҳамзамон, дар идома номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Содиқов Қ. дар бораи “Нақши тақдирсози Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккулёбии рушди иқтисоди миллӣ” ва мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмонзода М. оид ба “Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сароғози мактаби далатдории Пешвои миллат” суханронӣ намуданд. Дар анҷом оид ба саҳифаҳои таърихии Иҷлосия саволу ҷавоб сурат гирифт.