
Имрӯз (21.06.2025) дар ҷаласаи навбатии Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ба садоратҳои факултетҳо, масъулини сохторҳо ва мудирони кафедраҳо доир ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳои муфид доданд.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълимии Донишгоҳ бо иштироки Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ туҳфаи арзандае барои устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили бошукуҳи 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд. Дар ҷараёни ҷаласа, инчунин, аз ҷониби муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. масъалаҳои гуногун, аз қабили амалӣ сохтани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, бознигарии барнома ва силлабусҳои таълимӣ бо дарназардошти талаботи замон, назорати ҷараёни таҷрибаомӯзӣ, омодагиҳо ба давраи таътили тобистона, татбиқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.