ИФТИТОҲИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

158

Давлат ва Ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун анъана дар моҳи апрел бо баргузории Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм» баргузор мегардад, ки дар он мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ мешаванд. Конференсияи имсола бахшида ба «30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» доир мегардад.

Имрӯз (22.04.2024)дар қисмати ифтитоҳии конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявӣ, ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. ҳозиринро барои баргузории конференсияи мазкур табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллӣ дар самти самаранокии илмӣ яке аз муассисаҳои пешбари илмӣ, на фақат дар сатҳи байнидонишгоҳӣ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявю байналмилалӣ буда, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои донишмандону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифгари илми тоҷик дар хориҷ аз кишвар гаштаанд.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. дар идомаи суханронии хеш оид ба муҳиммияти чорабиниҳо «30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» суханронӣ намуд.

Сипас, дар ифтитоҳи конференсия маърӯзаҳои номзади илмҳои химия, дотсент Файзуллозода Э.Ф. оид ба “Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар заминаи эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)»», доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияМаҳмадаминов А.С. доир ба “Устод Айнӣ ва масъалаҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ”, доктори илмҳои физика ва математика, профессори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физика Рашидов Ҷ. дар мавзуи “Таъсири материалҳои нанокарбон ба сохтор ва хусисиятҳои полиметрҳо”, номзади илмҳои геология ва менерология, дотсенти кафедраи геология ва менеҷмети маъдану техникаи факултети геология А. Ниёзов дар мавзуи “Андар мушкилоти пиряхҳои қаламрави Тоҷикистон» шунида шуданд. Ҳамзамон, устодон Донишгоҳ Сироҷиддини Эмомалӣ ва Давлат Солеҳов дар музокира суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки кори конференс дар факултетҳо ва дигар сохторҳои Донишгоҳ идома дорад.