ИФТИТОҲИ БОНКИ ТАЪЛИМИ “АМОНАТБОНК” ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

201

Имрӯз (03.11.2023) дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсия бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мусоидати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар пояи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бонки таълимии “Амонатбонк” ифтитоҳ ёфт. Ҳадаф аз ташкили бонкӣ таълимӣ пайваст намудани назария бо амалия ва дар ин замина тақвият бахшидани савияи дониши донишҷӯён арзёбӣ мегардад.

Воқеан, ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда бо ташкилоту корхонаҳо ва сохторҳои гуногуни давлативу хусусӣ метавонад, ки шавқу рағбати донишҷӯёнро ба омӯхтани касбу ҳунар тақвият бахшад ва донишҳои бунёдии онҳоро такмил диҳад. Бо ин мақсад имрӯз дар наздаи кафераи кори бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бонки таълимӣ аз ҷониби КВД БА ҶТ “Амонатбонк” таъсис ёфт, ки ба раванди таълим таъсири мусбӣ расонида, дар ихтисосҳои кори бонкӣ, молия ва қарз ва ташкили дарсҳои амилии босифат мусоидат менамояд.

Фаъолияти бонки таълимӣ бо иштироки Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин ифтитоҳ гардид.

Дар ин марказ мутахассисони сатҳи баланд дар соҳаи бонкдорӣ ва молия таълим дода мешаванд, ки дар оянда барои беҳтар гардидани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои қарзии дар кишвар амалкунанда хизмат хоҳанд кард. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳо ва ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба хотири таъмин намудани сифати баланди таълим роҳандозӣ намудааст.

Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то ҳамкориҳои бо идораву корхонаҳои соҳавӣ тақвият ёбад ва ҳамгироии назария ва амалия татбиқ карда шавад. Зеро чунин амал метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва умуман хоҷагии халқӣ мамлакат таъсири мусбӣ хоҳад расонид.