ИФТИТОҲИ КИТОБХОНА, ОЗМОИШГОҲ ВА СИНФХОНАИ ГЕРБАРИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

568

Имрӯз (05.07.2021) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар факултети биология синфхоинаи гербарияи кафедраи ботаника, Озмоишгоҳи таълимии кафедраи физиологияи растаниҳо ва Китобхонаи илмии факултетро ифтитоҳ намуд.

Дар ифтитоҳи марказҳои илмӣ-таълимӣ намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону кормандони факултети биология иштирок намуда, ибтикороти мазкурро амали нек дар партави эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Илм – фурӯғи маърифат» унвон намуданд.

Зимни кушодашавии Гербарияи кафедраи ботаника таъкид шуд, ки дар синфхонаи гербария наздик ба панҷ ҳазор растаниҳои нодир гирдоварӣ шудаанд, ки онҳо дар корҳои илмию дарсҳои амалӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. дар самти ҳамкори намудани факултети фарматсевтӣ бо факултети биология дар робита ба беҳтар гардонидани фаъолияти синфхонаи гербария, ташкили феҳристи растаниҳои нодир ва мавриди омӯзиш қарор додани фонди растаниҳо ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Гуфта шуд, ки дар рӯзҳои наздик бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ташаббуси садорати факултет миқдори растаниҳои нодир зиёд гардида, масъалаи омӯзиши онҳо ҷоннок хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, дар назди кафедраи физиологияи растаниҳо бо дастгирии садорати факултет Озмоишгоҳи таълимӣ кушода шуд. Дар озмоишгоҳ бештар дарсҳои амалӣ гузаронида мешавад ва тасмим гирифта шудааст, ки дар оянда натиҷаи корҳои илмӣ-эҷодии устодон дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он муаррифӣ хоҳанд шуд.

Дар Китобхонаи илмии факултет, ки имрӯз баъд аз таъмину тармим мавриди истифода қарор гирифт, наздик ба даҳ ҳазор китоб ҷойгир шудааст. Дар фонди китобхона дар баробари китобҳои устодону кормандони факултет, инчунин, китобҳои Пешвои муаззами миллат ва китобҳои бадеӣ гирдоварӣ шудаанд.

Пас аз ифтитоҳи марказҳои зикршуда ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. дар толори шӯрои олимони факултет бо устодону кормандони он вохӯрӣ намуда, ифтитоҳи марказҳои илмию таълимии мазкурро туҳфаи арзанда ба устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Дар мулоқот аз фаъолияти пурсамари устодону донишҷӯёни факултет ёдоварӣ шуда, дастоварди чанде аз устодону донишҷӯёнро муаррифӣ ва қадрдонӣ намуд. Сипас дар робита ба масъалаи илму таълим ва хуб ба роҳ мондани фаъолияти илмию эҷод ба коллектифи факултет тавсеаҳои мушаххас дод.