
Имрӯз (20.03.2025) ҷиҳати тибқи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар пояи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Маркази омӯзишии масоили муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ” таъсис дода шуд. Дар ифтитоҳи маркази мазкур намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ иштирок дошданд.
Зимнан таъкид шуд, ки “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо мақсади амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 қабул карда шудааст.
Мақсади асосии Барнома паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат тавассути такмил додани фаъолияти сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ оид ба огоҳкунии кирдори зиддиҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, ҳамчунин бартараф намудани оқибатҳои манфии онҳо, ҷорӣ намудани навоварӣ, таҷрибаи пешқадам дар самти муқовимат ба кирдори ғайриҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, боварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҷовузи ҷиноятӣ иборат мебошад.
Гуфта шуд, ки пешгирии ҷинояткорӣ дар шароити муосир яке аз омилҳои асосии таъмини субот ва оромӣ дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, он ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ бояд мусоидат намояд. Барои роҳандозӣ намудани муборизаи самаранок бо ҷинояткорӣ маҷмуи чораҳо, ки аз таҳким, такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамоҳангсозии кӯшишҳои ҳамаи мақомоти давлатӣ, маҳаллии давлатӣ ва маъмурӣ иборат буда, ба ташкил додани низоми боэътимоди таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ равона гардидаанд, бояд амалӣ намуд.

Бо мақсади дар амал татбиқ шудани нақша-чорабиниҳои барномаи мазкур оид ба тайёр намудани мутахассисон дар самти муқовимат бо ҷинояткории киберӣ соли 2024 дар заминаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ихтисоси нав бо номи “Фаъолияти ҳуқуқии муқовимат бо киберҷиноятҳо” таъсис дода шудааст. Таъсиси “Маркази омӯзишии масоили муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ” дар доираи ихтисоси мазкур баҳри омода намудани мутахассисони ҳирфавӣ мусоидат хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки Маркази мазкур, инчунин, бо мақсади такмили заминаи ҳуқуқии мубориза бар зидди ҷиноятҳои хавфноки муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ, амалӣ сохтани таҳлили қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми зарурат таҳия ва пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст.
Ҳамзамон, омӯзиш, таҳлил ва ҷамъбасти ҳолати муосири муқовимат ба ҷинояткорӣ ва дар ин замина таҳия кардани чораҳои дахлдори дорои хусусияти илмӣ-назариявӣ яке аз самтҳои асосии маркази мазкур мебошад.
Бо мақсади таҳкими мубориза бар зидди ҷиноятҳои хавфноки муосир терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон, коррупсия, дигар ҷинояткории муташаккилона ва фаромиллӣ зарур аст, ки кормандони марказ маҳорати касбии худро баҳри ҳадафҳои гузошташуда таҳким бахшанд.