ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ-ТАРБИЯВӢ

335

Имрӯз (30.01.2023) барои ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ рӯзи хотирмону таърихӣ  ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар факултет ифтитоҳи ду синфхонаи таълимӣ-тарбиявӣ: синфхонаи  Ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”, ҳамзамон,  Иттифоқи касабаи факултет ва синфхонаи Клиникаи ҳуқуқӣ бо фазои кории барҳавою замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ифтитоҳи Клиникаи ҳуқуқӣ намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва ҳайати устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. таъсис додани Клиникаи ҳуқуқиро иқдоми нек арзёбӣ намуда, қайд кард, ки он барои такмили донишҳои ҳуқуқии ҳам шаҳрвандон ва ҳам донишҷӯён, инчунин, дар самти пайвастани илм бо амалия саҳми назарраси худро хоҳад гузошт. Гуфта шуд, ки ба клиникаи мазкур дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ  метавонанд муроҷиат намоянд.

Қобили қайд аст, ки Клиникаи ҳуқуқӣ дар самтҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, соҳибкорӣ, мурофиавӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар рафти тафтишот ва мурофиаҳои судӣ ва дигар самтҳои муҳимми ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа ба шаҳрвандон машварат ва кумаки ҳуқуқӣ мерасонад. Фаъолияти клиникаи ҳуқуқӣ аз ҷониби устодони пешбар ва донишҷӯёни фаъоли факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба роҳ монда мешавад.

Бояд гуфт, ки  фаъолияти клиника ба чунин самтҳо равона гардидааст: алоқаманд намудани назария бо амалия ва илм бо истеҳсолот;  баланд бардоштани маҳорату малака ва хулосабарории донишҷӯёни ҳуқуқшинос дар масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ; баланд бардоштани касбият ва этикаи касбии ҳуқуқшиносони оянда; дар зеҳну тафаккури донишҷӯён бедор намудани эҳсоси масъулият ва ҳавасмандсозии онҳо ҷиҳати амиқтар аз бар намудани соҳаҳои ҳуқуқ ва қонунгузорӣ; дастгирӣ ва кумак барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ; фароҳам овардани шароити мусоид дар самти гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён; расонидани ёрии ҳуқуқии касбӣ ба шаҳрвандони камбизоат; сохтани барномаҳои  маълумотдиҳанда барои оилаҳои камбизоат; баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ; расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ;  расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ; ташкил ва баргузор намудани семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар дар самти ҳуқуқшминосӣ; нашри маълумот ва машваратҳои ҳуқуқӣ дар ВАО; ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, махсусан мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ; ба роҳ мондани робита бо дигар марказҳои ёрии ҳуқуқӣ; ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ғ..

Сохтори дигари факултет Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар назди КИИ “Дониш”-и ДМТ маҳсуб мешавад, ки бо мақсади муттаҳид намудани ҷавонони фаъол ва ба рушду такомули Ватан равона сохтани ин неруи тавоно созмон дода шудааст. ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳайати худ зиёда аз 1500 нафар аъзоро аз ҳисоби устодон ва донишҷӯёни факултет фаро гирифтааст. Бо ибтикори роҳбарияти ДМТ ташкилоти мазкур дар якҷоягӣ бо иттифоқи касабаи факултет ба утоқи корӣ таъмин кард.

Ёдрас  мешавем, ки ташкилу таъмин ва тармими чунин утоқҳои корӣ дар самти беҳтар гардонидани раванди илмомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳа, инчунин, тарбияи насли ҷавони кишвар дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ судманд мебошад.