ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МАҶЛИСИ СУДИИ ТАЪЛИМИИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДМТ

410

Имрӯз (01.11.2023) бо дастгирӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толори маҷлиси судии таълимӣ ифтитоҳ гардид. Дар ифтитоҳи толори маҷлиси судии таълимӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. устодону кормандон ва донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояидагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд.

Толори мазкур дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими робитаи илм бо амалия азнавсозӣ шуда, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бошукӯҳи 29-умии солгарди қабули Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки толори мазкур бо тамоми маводҳои зарурии таълимӣ, аёниятҳо, доскаи электронӣ, шиору овезаҳои дахлдор, шабакаи интернет, маводҳои ҷамъбастии амалия ва омори судӣ, қарорҳои Пленум, нашрия ва дигар санаду қарорҳои дахлдори Суди Олӣ таъмин мебошад. Таъсиси он дар шароити кунунӣ амри зарурӣ буда, ҷиҳати сайқал додан маҳорат, санъати суханварӣ, дониш ва малакаи касбии донишҷуён аз ҳар ҷиҳат мусоидат менамояд.

Зимни суханронии хеш ректори донишгоҳ иттилоъ доданд, ки дар факултети хуқуқшиносӣ тамоми шароитҳои арзанда ҷиҳати аз худ кардани тамоми нозукиҳои касби ҳуқуқшиносӣ фароҳам оварда шудаанд. Ифтитоҳи толори имрӯза як қадами ҷиддӣ дар роҳи боз ҳам ғанӣ гардонидани донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Толори мазкур имкон медиҳад, ки донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои устодони муътабару соҳибтаҷриба мурофиаҳои судии таълимиро оид ба барарсӣ ва ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ баргузор намуда дар ин мурофиаҳо ба ҳайси судя, прокурор ва ҳимоятгару адвокатҳои оянда нақшҳои муайянро анҷом диҳанд.

Дар рафти ифтитоҳи толори мазкур аз ҷониби як гурӯҳ донишҷӯёни курси чоруми шуъбаи рӯзонаи факултет ба аҳли нишаст мурофаи судии таълимӣ, ки ба баррасии баҳси оилавӣ бахшида шуда буд, пешниҳод карда шуд.

Донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДМТ ба роҳбарияти донишгоҳ барои зоҳир намудани таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхориву дастгириҳои рӯзафзун изҳори сипос намуда, таъкид сохтанд, ки бо дарки баланди масъулият ҷиҳати аз худ намудани донишҳои замонавии ҳуқуқӣ ва тарбия ёфтан дар рӯҳияи хештаншиносиву садоқат ба Ватан азму талош хоҳанд кард.

Ҳамзамон, дар пояи факултет бахшида ба 29-умии солгарди қабули Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили мубрами такмили Констиутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, судяи Суди Констиутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ иштирок ва маърӯза намуданд.