ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

1460

Ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҷомеа бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирию иқтисодӣ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони бахши тарбияи донишгоҳ, аз ҷумла раиси шӯрои кураторони донишгоҳ И.Ашӯров иштирок намуда, вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни пайдоиш, паҳншавӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ суханронӣ намуд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки бо риояи қоидаҳои зерин худ ва наздиконро аз ҳар гуна беморӣ эмин нигоҳ дошт: риояи қоидаҳои беҳдошти дастон, яъне шӯстани дастҳо баъд аз ташноб, пеш аз таом хӯрдан, баъд аз нигоҳубини бемор; пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои серодам; дурӣ аз ҳайвону паррандаҳҳо; ҳангоми атса ё сулфа бо сачоқи намнок пӯшонидани даҳон; бо таваҷҷуҳ шӯстани ҳамагуна меваҷот ва сабзавотҳо.

Дар идомаи нишаст вобаста ба масъалаҳои гуногуни пешгирии бемориҳои сироятӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.