ҲИФЗИ САРҲАД – МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

879

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ таъкид шудааст, ки баъд аз истиқлилояти миллии кишварамон барои ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омад. Сарҳад дар қатори миллат, забон ва арзишҳои миллӣ нишонаи муҳим ва муқаддаси соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Давлат ҳамон вақт ҳимоя мешавад, ки агар сарҳади мустаҳакам ва сарҳадбони боэътимод дошта бошад. Дар суханрониҳои Роҳбари азизамон зикр мешавад, ки ҳимояи давлат аз ҳимояи сарҳадоти он вобастагӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки душманони Ватан ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз нуқоти мухталифи сарҳад оғоз намуда буданд. Ба воситаи сарҳад яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, миллати моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд. 28 майи соли 1994 дар сохтори амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфт. Қушунҳои сарҳадӣ мисли дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар давраи ҳассос ва мушкили таърихии кишварамон ташкил гардид. Дар оғози ташкилшавӣ ва ташаккули баъди Қушунҳои сарҳадӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати бузурги таърихиро анҷом доданд. Бо ташаббуси наҷибонаи сарвари давлат дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрию ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос иқдомҳое ба субут расониданд, ки дар таърихи кишварҳои навистиклолёфта беназир аст. Танҳо бо Афғонистон мо 1400 километр сарҳад дорем, ки нигоҳдорӣ ва хизматрасонии он қувваи зиёди сарбозу афсар ва неруи тавонои моддию техникиро тақозо дорад. Дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ даҳҳо отрядҳои сарҳадӣ, отрядҳои таъиноти махсус, эскадриляаи ҷавоӣ, госпиталҳо, марказҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбии таъминоти техникӣ таъсис додашудаанд. Умуман, сарҳад ҳамчун рамзи садоқату ватандӯстӣ дар қалбу андешаи ҳар тоҷикистонӣ нақш баста, ҳимояи сарҳад вазифаи пуршарафи ҷавонони меҳанпараст хоҳад буд.

Ба муносибати рӯзи сарҳадчиён дар толори Ганҷинаи профессор Ш. Ҳусейнзода бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа маҳфили илмию адабӣ баргузор шуд, ки дар он генерал-майор, мушовири фармондеҳи Қушунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ Одинаев Ҳотамшоҳ, ветерани Қушунҳои Сарҳадӣ, полковник Содиқов Ҳусейн иштирок варзида, ба ҷавонон муқаддастарин вазифаи ватандорӣ-ҳимояи сарҳадро шарҳ доданд. Мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа дотсент Аминов Ф.А., раиси маҳфил дотсент С. Сафарова, донишҷӯи курси дувуми факултаи физика С. Абдураҳмонзода бо навбат аз касби ифтихории сарҳадбон муфассал нақл намуда, таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ҷалб намуданд. Зикр бояд намуд, ки дар кори нишасти мазкур саҳми Созмони ҷавонони ДМТ (Р. Икромов) ва бахши тарбияи донишгоҳ (Ҳ. Саидов) хеле назаррас аст.

Ҷамила Раҳмон,

Файз Алӣ