ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД…

63

(Баррасии фаъолияти факултети химия)

 Имрӯз (07.10.2021) дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати ДМТ вохӯрии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети химияи донишгоҳ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур баррасии фаъолияти илмию таълимӣ, байналмилалию молиявӣ ва хоҷагидории факултети мазкур буд.

Ректори донишгоҳ бо тавсил аз фаъолияти факултети химияи донишгоҳ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки самтҳои фаъолияти факултет бояд таҷдиди назар карда шавад. Ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва дифоъи рисолаҳои номзадию докторӣ бояд бештар гашта, мавзӯъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Дар идомаи суханронӣ Ректори донишгоҳ дар самти анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, дарёфти грантҳо ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бо кишварҳои хориҷӣ изҳори назар намуда, ҷиҳати густариш бахшидани самтҳои зикршуда тавсеаҳои судманд доданд.

 Гуфта шуд, ки вобаста ба ворид гардидани мактабҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои байналмилалии таҳсилот зарурати таҷдиди назар намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ, корҳи илмию таҳқиқотӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин, мутобиқ кардани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ пайдо гардидааст, ки аз ҳар роҳбар ва кормандони факултет масъулияти баландро талаб мекунад.

Зикр шуд, ки вазифаи муҳимми садорат ва умуман, аҳли факултет, қабл аз ҳама, татбиқи тадриҷии дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди корҳои таълимию методӣ, ташкилию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, хоҷагию молиявӣ, инчунин, баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ мебошад.

Дар интиҳои вохӯрӣ ба садорати факултет дастур дода шуд, ки дар партави ин вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ нақша-чорабиниҳои муҳимме тарҳрезӣ намуда, давра ба давра дар факултет нуқсонҳои ҷойдоштаро бартараф карда, дар самти татбиқ гаштани ҷараёни илм ба амал тадбирҳои муҳимми саривақтӣ андешад. Ёдовар мешавем, ки чунин вохӯрӣ бо коллективи факултетҳои дигари донишгоҳ низ баргузор мегардад.