ИМКОНИ ХУБИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ЧИНӢ ДАР ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

298

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ бо Корхонаи ҶДММ “ТБЕА Душанбе – саноати кӯҳӣ” омӯзиши забони чинӣ бо кормандони маҳаллии корхонаи мазкур дар пояи донишкада ба роҳ монда шуд. Имрӯз дар маросими ифтитоҳи аввалин гурӯҳи омӯзиши забони чинӣ барои кормандони маҳаллии Корхонаи ҶДММ “ТБЕА Душанбе – саноати кӯҳӣ” шахсони зерин иштирок ва суханронӣ намуданд:

Хуан Бо – раиси корхонаи ҶДММ “ТБЕА Душанбе – саноати кӯҳӣ” , Ван Янбао – сардори филиали корхона, Ҷао Сяолон – ҷонишини раиси қисми фурӯши хориҷаи корхона, Ли Литин – раиси се қисмати фурӯши байналмиллалии корхонаи мазкур ва Ф.Қосимов – директори Донишкадаи Конфутсий.

Дар чорабинӣ мутасаддиён роҷеъ ба шартҳо ва тартиби баргузории гурӯҳи забономӯзӣ маълумот доданд. Зимнан таъкид шуд, ки гурӯҳи мазкур 15 нафарро ташкил намуда, давоми омӯзиш (22.02.2023 то 14.06.2023) бояд забони чиниро дар сатҳи муошират (дараҷаи 2) донад.