ИМКОНИЯТИ ХУБ БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ РИШТАИ МАТЕМАТИКА

308

Дар партави эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар самти илми донишгоҳ дастоварди нав рӯйи кор омад. Дар заминаи татбиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амали гардидани бистсолаи мазкур роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон талош намуд, ки барои ҳимояи рисолаҳои илмии муҳаққиқони равияи фанҳои дақиқ имконияти мусоидро фароҳам оварад. Дар асоси фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва маълумоти олии Федератсияи Русия аз 30 сентябри соли 2022 № 24/41 дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шурои диссертатсионии 73.2.012.03 – математика аз рӯйи ихтисосҳои 1.1.1. Таҳлили воқеӣ, комплексӣ ва функсионалӣ (илмҳои физикаю математика), 1.1.2. Муодилаҳои дифференсиалӣ ва физикаи риёзӣ (илмҳои физикаю математика) таъсис дода шуд.

Дирӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. навиди илмиро ба омӯзгорони ҷавон, ки дар самти илмҳои дақиқ рисолаи илмӣ анҷом медиҳанд, расонида, ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои илмӣ тавсияҳои судманд доданд.