Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Белорус, ки дар таърихи 27-30 -юми июни соли 2019 анҷом дода шуд, масоили тавсеаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Белорус мавриди баррасии сарони ду давлат ва ҳайатҳои васеи онҳо қарор гирифт. Зимни мулоқоти судманд муҳиммияти густариши минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ, аз ҷумла таъсиси факултетҳои муштарак дар донишгоҳҳои пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи онҳо ба роҳ мондани мубодилаи донишҷӯён таъкид гардида, қайд карда шуд, ки фурсати тарҳрезии имконияти татбиқи лоиҳаи нави муштараки таълимии Тоҷикистону Белорус фаро расидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Белорус (Донишгоҳи давлатии Белорус, Донишгоҳи давлатии технологии Белорус, Донишгоҳи давлатии Полотск, Донишкадаи давлатии байналмилалии экологии ба номи А.Д.Сахаров) факултети муштараки ДМТ бо МТОКБ фаъолият менамояд. Бо назардошти он ки яке аз рисолатҳои калидии донишгоҳ ин омода намудани мутахассисони рақобатпазири ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз рӯи ихтисосҳои нав ва замонавӣ мебошад, Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи 11 ихтисоси барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарурӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус омода намудани кадрҳои замонавиро ба роҳ мондааст.
Танҳо бо Донишгоҳи давлатии Полотск омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои логистика, психологияи амалӣ ва сайёҳат ва меҳмондорӣ дар пояи факултети муштарак ба роҳ монда шудааст, ки 2 сол дар ДМТ ва 2 сол дар Донишгоҳи Полотски Белорусия таҳсил намуда, донишҷӯёни тоҷик аз тамоми имтиёзҳои донишҷӯёни Белорус бархурдор мегарданд. Хоҳишмандон метавонанд ба раёсати таьлим ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллӣ муроҷиат намоянд.