ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

269

Дар доираи баргузолрии Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “Соли 2030. Ҳадафҳои рушди таҳсилоти олӣ ва илм дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон”, ки дар пояи Донишгоҳи давлатии иқтисоди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гашта истодааст, миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва чанде аз донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Гуфта мешавад, ки созишнома дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии кишварҳо омода гардида, ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузорад.