ИНСТИТУТ БА СТРАТЕГИЯИ РУШД НИЁЗ ДОРАД…

708

Имрӯз (25.11.2021) дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи кормандони Институти илмию таҳқиқотӣ (ИИТ)-и донишгоҳ масъалаҳои гуногуни фаъолияти институт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки ИИТ яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ мебошад. Он аз 11 шуъба иборат буда, мутахассисони зиёдеро ба кор ҷалб намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар институт ба таҷдиди назар ниёз дошта, рафти коргузорӣ дар шуъбаҳо назорати ҷиддиро талаб менамояд. Илова бар ин, дар самти татбиқи лоиҳаҳо мушкилиҳои гуногун, аз ҷумла дар амал татбиқ нашудани мавзӯҳои пажӯҳишӣ, дида мешавад. Роҳбари лоиҳаҳо ва масъулини ИИТ бояд дар самти пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва дуруст ба роҳ мондани маблағгузориҳо назоратро аз пештара бештар ба роҳ монанд.

Ҳамин тавр, Ректори донишгоҳ дастур дод, ки роҳбарияти ИИТ дар якҷоягӣ бо устодони соҳибтаҷриба ва роҳбарони лоиҳаҳо дар робита ба татбиқи корҳои илмӣ-истеҳсолӣ, фаъолияти пурсамари кормандон, дифои рисолаҳои илмӣ аз ҷониби онҳо ва дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ дар шуъбаҳо машварати корӣ анҷом дода, ҷиҳати хуб фаъолият намудани институт ва ба дастовардҳои назарраси илмӣ шарафёб гаштани он, ҳамзамон, дар партави эълон гаштани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Стратегияи рушди ИИТ барои давраи муайян ташкил карда шавад. Нуқсонҳое, ки дар фаъолияти институт дида мешавад, бояд давра ба давра бартараф карда шаванд.